Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон дар сарнавишти давлату миллат ва ҳар фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст саҳифаи нав боз намуда, моро бо таъриху фарҳанги нодири халқамон ва фарзандони барӯманди миллатамон шинос ва дар қалби ҳар яки мо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёнро ба ин мамлакати биҳиштосо ва мардуми сарбаланду тамаддунофар ҷой намуд. Ин матлаб 8 сентябр зимни маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.
Иброз гардид, ки воқеият он аст, ки тантанаи адолати таърихию иҷтимоиро бе саҳми намоён, назаррас ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи ин Истиклолият қарор дорад, тасаввур намудан мумкин нест.
Аз ҷониби ӯ амиқ дарк намудани аҳамияти таърихию сиёсӣ, фарҳангию иҷтимоии Истиқлолияти давлатӣ, мазмуну мундариҷаи истиқлолиятхоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, худогоҳу худшинос будан ва дар ҳамин руҳия тарбия намудани элитаи сиёсии миллӣ ва халқи Тоҷикистон сабаби он гардид, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин вақт ба рушди бомарому бонизоми давлат ва соҳаҳои хоҷагии халқ ноил шуд.
Таъкид гардид, ки вазифа ва масъулияти таърихии ҳар фарди худшиносу худогоҳ– ин ҳифзи дастовардҳои Истиклолияти давлатӣ ва афзун намудани онҳо мебошад. Муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат ба хотири ғояи «Тоҷикистон– Ватани ободу зебои мо» асос ва заминаи пешрафти минбаъдаи давлату давлатдории мо мебошад.
АКС: Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






