Дар водии Яғноби ноҳияи Айнӣ ду пули мошингузар ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 26.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар минтақаи Даҳана ва Дуобаи водии Яғноби деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ду пули мошингузар ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бунёди иншооти мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот тавассути дастрасӣ ба инфрасохтори деҳот дар водии Яғноб» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳаҷми 525 ҳазор сомонӣ ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Агроаксияи Олмон дар ҳаҷми 920 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
Дар натиҷаи сербориш омадани фасли зимистони соли гузашта роҳи водии Яғноб то моҳи май дастрас набуд. Корҳои асосии сохтмонӣ дар мавзеъҳои Даҳана ва Дуобаи водии мазкур моҳи июни соли равон оғоз гардида, корҳои васлу насби таҷҳизоти оҳану кафшергарӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуданд.
Бо ба истифода додани ин пулҳо сокинони деҳаҳои болооби водии Яғноб пурра аз он истифода бурда, имконияти дастрасӣ ба роҳи мошингард то деҳаҳоро пайдо менамоянд. Инчунин пулҳои мазкур имконият медиҳанд, ки сокинон дар фасли зимистон бо маводи озуқа таъмин ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба водии Яғноб зиёд гардад.
Дар маросими ифтитоҳи пулҳо Раиси вилояти Суғд, намояндагони ташкилоти байналмилаливу шарикони рушд ва сокинони Яғноб иштирок намуданд. Сокинон аз бунёду ба истифодадиҳии пулҳои мошингузар изҳори хушнудӣ намуда, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба бунёду сохтмони роҳу пулҳо эътибори зарурӣ дода, аз ҷумла ба масъулин дастур дода буданд, ки дар партави вусъати корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созанда корҳоро дар самти бунёду навсозии роҳу пулҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд






