Давлат Болтаев имкони ба даст овардани аввалин медалро барои Тоҷикистон аз риштаи бокс дар Бозиҳои Осиёӣ пайдо намуд

Сентябрь 30, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар рӯзи шашуми Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 дар вазни 92 кг, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Эркин Одилбек Уулуи қирғиз бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби калонӣ 4 бар 0 зафар ёфт ва ба даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 баромад.

Бояд гуфт, ки Давлат Болтаев дар сурати бохт дар даври ниманиҳоӣ метавонад соҳиби нишони биринҷӣ гардад ва ё дар сурати пирӯзӣ барои нишони тилло ё нуқра муборизаро идома диҳад. Ҳамин тавр, Давлат Болтаев имкон пайдо менамояд то аввалин медалро дар риштаи бокс дар Бозиҳои Осиёӣ барои Тоҷикистон ба даст орад.

Ёдовар мешавем, ки Давлат Болтаев дар рақобати якум бар Арсланбек Очилови туркман пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Қобили тазаккур аст, ки дар даври ниманиҳоӣ 1 октябр Давлат Болтаев бо Ҷаеминг Ҷионг аз Кореяи Ҷанубӣ баҳри роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ нерусанҷӣ менамояд.

Инчунин иштирокчии Бозиҳои тобистонаи Олимпии Токио -2020, муштзани тоҷик дар вазни то 80 кг – Шаббос Негматуллоев дар даври аввали Бозиҳои Осиё музаффарият ба даст овард. Ӯ дар даври аввал бар намояндаи Эрон – Сайидшоҳин Муосавӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 4 бар 1 ғалаба намуд ва ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Рақобатҳои даври чаҳорякниҳоӣ 1 октябр доир мегарданд ва Шаббос бо Аҳмад Гусун аз Ироқ қувваозмоӣ менамояд.

Ҳамчунин варзишгари тоҷик Миҷгона Самадова Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022-ро бо ғалаба оғоз намуд. Номбурда дар вазни то 57 кг дар даври аввал бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран бидуни мушкилӣ бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5 бар 0 музаффарият ба даст овард. Дар даври чорякниҳоӣ Миҷгона Самадова бо Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон 1 октябр сабқат менамояд.

Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.

Ба ғолибони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар Бозиҳои 19-уми Осиёӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расидааст, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор тақдим мегардад.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 30, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд