Долони мултимодалии «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия+Чин» дар эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ нақши муассир мегузорад
ДУШАНБЕ, 26.09.2023/АМИТ «Ховар»/. Бо кӯшиши Тоҷикистон ва дастгирии Чин лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Калаихумб-Ванҷ-маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон» бо дарозии 92 км амалӣ мешавад, ки ба рушди минбаъдаи долони мултимодалии «Чин – Тоҷикистон — Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия» мусоидат менамояд. Ин нуктаро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар нахустин ҷаласаи машваратии Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия», ки дар Душанбе таҳти сарпарастии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO) доир гардид, иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушд ва пешбурди гузаргоҳи байналмилалии транзитӣ бо мақсади афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва сода намудани расмиёти савдо, бахусус барои кишварҳое, ки ба баҳр дастрасӣ надоранд, баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки яке аз масъалаҳои муҳими рушди ин долон рақамисозии ҳуҷҷатҳо ё расмиёти транзитӣ мебошад. Тоҷикистон барои рушди нақлиёт ва логистика дар таъмини тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамбастагии байни давлатҳои минтақа ҳамчун таҳрикдиҳандаи пешбурди тиҷорати устувор ва рушди иқтисодӣ, тақвияти имконияти занҷири таъминот барои давлатҳои минтақа тавассути долонҳои мултимодалӣ бо мақсади таҳкими робитаҳои тиҷоратии байни давлатҳои минтақа тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.
Гуфта шуд, ки намояндагони кишварҳои иштирокчии ин тарҳ ба истифодаи самараноки долони гуфташуда, таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, афзоиши ҳамлу нақли бор ва ҳамоҳангсозии расмиёти убури марзҳо барои ҳамлу нақли мултимодалӣ байни давлатҳо, ҷалби сармоягузорӣ ҷиҳати такмили минбаъдаи инфрасохтори нақлиётӣ ба мувофиқа хоҳанд расид.
Иштирокчиёни нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба долони мултимодалии «Тоҷикистон –Узбекистон – Туркманистон — Эрон -Туркия + Чин аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо Санади ҳусни ният имзо намуданд. Масири нави интиқоли бор аз Чин ба Туркия тавассути Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Эрон аввалин бор 18 октябри соли 2022 дар Душанбе, дар Конфронси байналмилалии «Логистика ва афзалияти он дар рушди робитаҳои нақлиётии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа» муаррифӣ гардида буд. Истифодаи долон аз ҷиҳати кам намудани масофа ва коҳиши хароҷоти боркашонӣ нисбат ба долонҳои мавҷуда самараноктар аст. Долони мазкур қаламрави Тоҷикистонро бо Чин тавассути роҳи автомобилгард пайваст менамояд, ки ин ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат хоҳад намуд. Ин тарҳ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад






