Дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калинингради Русия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 сентябр дар вилояти Калининград Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининградро баррасӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.
Аз ҷумла Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Калининград Антон Алиханов мулоқот намуд. Доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Калининград дар соҳаҳои маориф ва илм, сайёҳӣ, тандурустӣ, саноат, муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуда, ба робитаҳои ҳамаҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот ҳайати намояндагони вилояти Калининградро барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе-Инвест 2023”, ки 29-30 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуд.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбари Маъмурияти шаҳри Калининград Елена Дятлова, президенти Иттиҳодияи “Палатаи савдо ва саноати Калининград” Лапин Феликс ва директори филиали Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия Михаил Плюхин мулоқот анҷом дод.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни тоҷик, ҳамватанон ва фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими вилояти Калининград вохӯри намуд.


Сафири Тоҷикистон ба ҳозирин дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, аз ҷумла аз ҷониби СММ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудани соли 2025 маълумот дод.
Ҳамзамон доир ба тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли якчанд масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо андешида маълумот дода шуд.
Дар баробари ин аҳаммияти тақвият додани равобит ва ҳамкорӣ байни роҳбарони ташкилоту ҷамъияти тоҷикон ва ҳамватанон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ дар созмонҳои экстремистӣ ва риояи қонунҳои кишвари иқомат таъкид шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳамватанон суолу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, аз ҷумла перомуни масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ дар кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои консулӣ посух гирифтанд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия








Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бюрои рушди иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ Космос Завазава мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Давҳа 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид






