ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-ЭҲЁГАРИ «РОҒУН». Ин неругоҳ бо нури ҷовидонааш на танҳо Тоҷикистон, балки оламро фурӯзон месозад

Сентябрь 3, 2023 10:16

ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқи обии  «Роғун» бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: ««Роғун» манбаи нури ҳар хонадон, гармии қалби ҳар фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад!».

Узви Конфедератсияи  байналмилалии журналистон Мавлуда Шарифзода ва  муовини Директори Агентии хизмати  давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии НБО «Роғун» шинос шуда, таассуроти пурифтихорашонро аз он баён намудаанд, ки пешкаши хонандагон мегардад.

 Афсона не, ҳақиқат!

Қабл аз он ки роҳи сафар пеш гирем, бо Директори генералии сохтмони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода тариқи телефон суҳбат доштем. — Нигарон набошед, муаллима, дари коргоҳи мо барои шоирону нависандагон, аҳли илму адаб, фарҳангу ҳунар, рӯзноманигорон ҳамеша кушода аст. Марҳамат намоед. Бо Фарҳодҳои кӯҳкани афсонавӣ не, Фарҳодҳои воқеӣ рӯ ба рӯ ҳамсуҳбат шавед,- гуфт раис ва эҳтиромона афзуд: — Масъулинро огоҳ мекунам, шуморо истиқбол мегиранд. …

Раҳораҳ аз табиати пурэҳсону зебои диёр, кӯҳҳои сарбафалак, дарёи пурталотуму ноороми Вахш, дарахтон, обҳои софу зулолу гулу гиёҳу сабзаҳои лаби ҷӯйборон, ки бо вуҷуди гармии тобистони тоқатфарсои имсола таровати хешро гум накарда буданд, чашм намекандем. Роғун. Чӣ маъние дошта бошад ин ном? Ва чӣ хосияте аст онро, ки имрӯз сари давру сари забонҳо гаштааст? Мегӯянд, ки вожаи Роғун аз номи деҳае сарчашма гирифтааст, ки бисёр табиати зебову мафтункунанда доштааст ва онро Роғон мегуфтаанд. Баъдтар ин вожа ба Роғун табдили ном намудааст.

Бихонанд Роғун варо мардумон,
Ки ободу зебост, рашки ҷаҳон.
Дар ин ном фарқе начандон бувад,
Ки Роғун ҳамон айни Роғон бувад….
 

Киштии хаёл моро ба гузаштаи начандон дур мебарад. Солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон. Ба ҳамон замоне, ки азоби бебарқӣ мекашидем, пиру ҷавон, хурду калон… Манзари ҳузнангезе, ранги заъфароне доштем. Шаҳру деҳаҳо, кӯчаву роҳравҳо, даруни бинову манзилҳо, хусусан шомгоҳон ҳама атрофу акноф торику зулмонӣ мешуд. Вазъ то ба ҳадде нигаронкунанда буд, ки на танҳо манзили одамон, корхонаҳои хурду миёна, ҳатто иншооти азими саноатӣ ҳам аз норасоии барқ маҷбур мешуданд фаъолияти худро тағйир диҳанд. Моҳҳои сарди тӯлонии зимистон, бебарқӣ, бегазӣ, беморӣ… Ин ҳама дар ҳастиямон қариб буд чароғи умедро ба рӯзи равшан хомӯш созад… Вале, саду ҳазорон шукр, ногаҳон ҳамон сон, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарину рӯзу соатҳои мушкилтарини тақдирсози халқ Пешвои маҳбубу муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нидои ҷонбахши «Ман ба шумо сулҳ меоварам» ба мардум умеду бовар бахшиданд, дар он рӯзҳо ҳам ба халқ муроҷиат намуда, гуфтанд: «Роғун» ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст. Мо онро ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони давлатамон, ҳарчанд дар шароити имрӯз кори сахт ва мушкили хорошикан аст, бунёд менамоем». Ин суханони Роҳбари давлат, ки дар худ як ҷаҳон маънӣ доштанд ва бо ихлосу муҳаббат, имону эътимоди бузург ба азму ирода ва неруи хастагинопазири мардуми тоҷик садо доданд, паёми рӯшане буданд, ки дар дилҳо чароғи умеду орзуҳоро барафрӯхтанд…

 Эъҷози ормонҳо

Моро дар саҳни ҳавлии мудирияти корхонаи ҶСК НБО «Роғун» корманди масъули он, ҷавонмарди кушодачеҳраи дидадаро Сафарбек Вализода «хуш омадед»- гӯён истиқбол гирифт ва пурсон шуд, ки хоҳиши ба утоқи корӣ даромадан дорем ё аввал ба корзор, назди коргарон рафтанием? Мо, албатта, пешниҳоди дуюмро пазируфтем. Дар як фурсат аз рӯи ҳуҷҷатҳои шахсиамон рухсатнома омода намуданд, барои эҳтиёт тоскулоҳ ҳам доданд. Сардори гурӯҳи намояндагии Фармоишгар ё масъули ҳамаи сарбандҳо, мутахассиси кордону пуртаҷрибаи соҳаи неругоҳҳо Қурбонназар Давронов моро роҳбаладӣ намуд. Ба мошин нишаста, роҳ сӯи коргоҳи боазамат гирифтем. Баъди чанд лаҳза роҳбаладамон аз ронандаи мошин манъ намудани онро хоҳиш намуд. Нахуст худ фаромад ва мо ҳам аз мошин берун шудем. Ҳаво гарм аст, вале сабук — сабук вазидани насими форам ба рӯҳу тан ҳаловат мебахшид. Ана, ин ҷо сарбанд аст, ҷои ҷамъшавии оби дарё. Дар пояи кӯҳ рӯз ба рӯзу соат ба соат об зам мешавад,- мефаҳмонад роҳбалад. Чашм ба осмон медӯзем. Каб- кабуд, чунон софу беғубор!… Боз ба поён, ба обанбор менигарем. Оби он низ чунон кабуд аст, ки чашм мебарад. Манзара бағоят пуршукуҳу пурманзалат метобад. Ва ин лаҳза пеши назар лаҳзаи ҳассоси паси чамбараки булдозер нишастану расо якуним соат, аз соати 10:00 то  11:31 дақиқа бо пеш андохтани сангу шағал маҷрои дарёи мағрури Вахшро тағйир додан ва ба бунёди сарбанди ин неругоҳи азим ҳусни оғоз бахшидани Сарвари давлат пеши назар ҷилвагар мегардад. Роҳамон идома меёбад. Дар баландие қарор мегирем, ки аз он ҷараёни корҳои сохтмонӣ, техникаву таҷҳизоти муосир, мошинҳои сершумори боркаш, булдозеру экскаватор, автокранҳои пуриқтидор, ки ба гуфти роҳбаладамон, аз 120 то 350 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доранд ва танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриамон асосан аз Урал, Харков, Русия ва Украина харидорӣ шудаанд, хеле пуршаҳомат ба чашм мерасанд. Пас аз чандин нақбҳои зеризаминӣ: нақлиётӣ, сохтмонӣ обқабулкунаки доимӣ ва нақбҳои конвеерӣ мегузарем. Лаҳзае тасаввур мекунем, ки гӯё ба қаъри кӯҳ не, балки як шаҳри азими зеризаминие ворид шуда бошем. Шаҳри калони калон, ки дар қалби кӯҳ ҷой гирифтааст. Роҳбаладамон акаи Қурбонназар мегӯяд: — Ба гурӯҳи иншооти асосии зеризаминии НБО «Роғун» толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо, нақбҳои обқабулкунак, камераи васлгарӣ, нақби ҷараёнгузар ва коллекторҳо дохил мешаванд. Ӯ моро ба толори мошинҳо, толори трансформаторҳо, толори дарвозаҳо, ки аз дидани ин ҳама муъҷизот ангушти ҳайрат мегазему лол мемонем, роҳнамоӣ мекунад. — Бунёди толори мошинҳо ва трансформаторҳо бо насби қисми агрегатҳо амалӣ гардидааст ва он ба гуфти мутахассисон, дар ҷаҳон назир надорад,- мегӯяд ӯ бо ҳисси ифтихор ва мо ҳам ба ваҷд меоему беихтиёр аз дил мегузаронем: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳақиқат падидаи нодиру нотакрор, муъҷиза аст, муъҷизаи қудрати дастони Инсон! Дунёи дигар аст он ҷо дар тангнои кӯҳ, ки онро бояд танҳо бо чашм дид. Ва он афсона не, балки воқеъият аст! Аз як нақб ба дигараш гӯё дар андаке фурсат мегузарем, ҳол он ки масофаи ҳар яке бештар аз 75 километр аст! Кор дар неругоҳ ҷӯш мезанад. Ҳамчунон ки шоири зиндаёд устод Лоиқ гуфтааст:

Бо азму ҷазм рӯзу шабон кор мекунанд,
Аз санг нанг ҷуставу аз об обрӯ.
Созанд то ба ёдгор аз Кохи Нур,
Ҷанганд то ба табиати мағрур рӯ ба рӯ.
Як рӯз то ба сурати нуру чароғи барқ,
Бар хонаҳои одамон бебок по ниҳанд.
Дар базмҳои дӯстӣ нуру сафо шаванд,
Дар ҷашну сури ошиқон нав — нав ҷило диҳанд…

Бале, дар умқи дили кӯҳ зери замин синаи сангро шикофтан заҳмати мушкил ва матонату шуҷоати тасаввурнопазир аст. Ба назари мо кор ин ҷо хеле ваҳмангезу хавфнок метобад. Вале мебинем, ки коргарон осон, бо иродаи қавӣ, дили гарму саршори умеду орзуҳои ширин кору пайкор доранд. Эҳсоси гарми ватандӯстона ва боварӣ ба фардои дурахшони меҳан, саодатрӯзиҳо саропои ҳастии онҳоро фаро гирифтааст.

Дасти тиллоии мо ҳар чизро дигар кунад,
Хокро ҳам гар ба каф гирем, симу зар кунад.

Дар минтақаи ядрои асосии сарбанди НБО «Роғун» қарор мегирем. Ин ҷо корҳои зеризаминӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Роҳбалад иттилоъ медиҳад, ки ин ҷо корҳои бетонгирӣ, сангу шағалхобонӣ бо суръати тез, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳар яки ин амалҳо зери назорати қатъии муҳандисону мутахассисони баландихтисос мебошад. Гурӯҳи сохмончиёнро мебинем, ки дар ёнаҳои кӯҳ ба устувор намудан ва таъмини бехатарии сохтмончиён ва гурӯҳи дигар ба тахту ҳамворкунии таҳкурсиву рехтани бетон машғул мебошанд. Гурӯҳи дигар канда шудани кӯҳпора ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро пешгирӣ менамоянд. Барои бунёди сарбанди НБО «Роғун» сохтмончиён нахуст дар сатҳи 965 метр ҷинсҳои сахти кӯҳиро пайдо карда, сипас, онҳоро аз лой ва дигар мавод тоза менамоянд. Танҳо пас аз муайян намудани пурра ҷавобгӯи талабот будан ба хобонидани бетон иҷозат дода мешавад. Пеш аз он ки таҳкурсӣ гузошта шавад, бо усули бофтан арматура баста мешавад. Барои иҷрои ин кор аз ҳама минтақаҳо кафшергарон даъват шудаанд, — мегӯяд акаи Қурбонназар.

Бо чанд тан аз коргарон, ки худро муҳандису васлгар, нақбкан, кафшергари газию барқӣ, ронандагони техникаҳои гуногун, сардорони ширкатҳо, устоҳои қитъаҳои сохтмонӣ, челонгар, истеҳсолотчӣ, барқчӣ муаррифӣ намуданд, аз ҷумла Хоҷамурод Азимов, Шамсиддин Нуралиев, Музаффар Зайниддинов, Бобаки Кайҳону Афшин аз Эрон ва дигарон ҳамсуҳбат мешавем. Суҳбати моро садои таркишу резиши сангу хок, чақ-чақи путкҳо ва ғурроси таҷҳизоти дар боло насбшуда, фарёди кӯҳкани «БелАз» халалдор менамоянд, вале мо аз руҳияи болида ва хушгӯиҳои мусоҳибонамон дармеёбем, ки ҳарчанд заҳматашон бисёр нозук асту устуворию қатъият, масъулият ва иродаи қавиву таҳаммул мехоҳад, онҳо хаставу дилгир нестанд. Бо ҳам аҳлонаву дӯстона корҳоро дар зери замин анҷом медиҳанд, вале инро гӯё эҳсос наменамоянд. Бо руҳияи баланди ватандӯстона изҳор медоранд, ки саҳм гузоштан дар бунёди иншооти муҳиму тақдирсоз — Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳар кадоми мо шараф ва ифтихор мебошад. Барои меҳнати пурсамар, истироҳати хушу бофароғат ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Дигаронро ҳам даъват менамоем, ки ин ҷо биёянд. Ба фармуди Сарвари давлатамон, кор набояд ин ҷо лаҳзае қатъ гардад ва касе ба бунёди он саҳм мегузорад, номаш дар китоби таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад, — мегӯянд бо ифтихор онҳо.

Дил ба завқ меояд. Бисёр мехоҳем дасти ҳар якеро бифшорем, дар ҳаққи ин ҷавонони заҳматкашу сарбаланд беҳтарин суханҳоро гӯем, ба худашон, волидайну устодонашон, ки онҳоро чунин меҳнатдӯст, ватанпараст, хештаншинос, қобилу хушахлоқ, ҳушманду зирак, зиндадилу хушзавқ ба камол расонидаанд, ҳазорҳо ҳамду сано хонем… Модарона даст ба дуо мекушоем. Орзу мекунем: «Ҳамеша тансиҳат, сарфарозу саодатманд, комёбу муваффақ, хонаобод бошед. Вақти хуш, рӯзҳои неку пурфайз, умри дарози пурбаракат бубинед. Ҳамнишинатон фақат инсонҳои хуб, солеҳу покдил бошанд. Ҳар орзую ҳавасе, ки дар дил мепарваред, амалӣ гардад. Шумо ворисони арзандаи миллати бузурги тоҷик, соҳибони мулки ободу зебо — Тоҷикистони биҳиштӣ ҳастед. Онро ба ҷон чун гавҳараки чашм ҳифз намоед. Чароғи хонаатон ҳамеша равшан бошад. Худованд ёру мададгоратон».

Аз лавҳи хотираҳо…

Оғози солҳои ҳаштодуми қарни гузашта. Ибтидои фаъолияти кориам дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (имрӯза «Ҳақиқати Суғд»). Бо супориши ҳайати таҳририяи идора барои омодасозии мавод ба Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» рафта будам, ки он расман НБО «Дӯстии халқҳо» ном дошт. Аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавии неругоҳ ва ҳам мақсади бунёд ёфтану тақсими манфиаташ ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ва ҳам бо мададу кумаки халқу миллатҳои сершумори шуравӣ сохта шуданаш иншоот ба ин ном хеле мувофиқат менамуд. Он ҷо асосан русҳо ва намояндагони дигар миллатҳои аврупоии мамлакати шуравӣ, ки дониш, тахассус ва малакаву таҷрибаи корӣ доштанд, меҳнат менамуданд. Акнун тафовутро бинед! Ба маҳалли корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки иқтидораш назар ба НБО «Дӯстии халқҳо» ба маротиб бузург аст, омада, огоҳ мешавем, ки ин ҷо ҳоло камтар аз сад нафар мутахассис аз хориҷа асту бас, дигар ҳама корҳо, аз ҷумла аз пармакуниву симбофиву симдӯзиву кафшергариву муҳаррикӣ сар карда, то душвортарин амалҳои васлу насби генераторҳо аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавонони қавииродаи тоҷик ба сомон расонида мешаванд. Магар ин ҷои ифтихор нест? Ҳамчунин шоистаи таъкид аст, ки аксари бинокорон, механизаторҳо ва муҳандисону техникҳо, ки дар НБО «Роғун» фаъолият доранд, аз мактаби бузурги сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар неругоҳҳои «Норак», «Помир -1», «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» гузаштаанд. Воқеан, тавре ки Пешвои миллат таъкид месозанд: «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳамаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ мактаби бисёр нодир буда, ҳазорон нафар мутахассиси соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода месозад».

Ҳадиси рақамҳо

Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди сангию хокӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт — соат) калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки он нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаи неругоҳ имконият медиҳад, ки эҳтиёҷи ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ намуда, ба инкишофи иқтисодиёти мамлакат такон бахшад. Барои корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони НБО «Роғун» дар давраи истиқлолият бештар аз 12,5 миллиард сомонӣ маблағ аз худ шудааст. Дар айни замон ба ин иншооти муҳими аср 35 ширкати ҷаҳонӣ ҷалб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар мутахассисону коргарон машғули кор ва зиёда аз 3200 техника ва мошину механизмҳо ҷалб  гардидаанд…

«Роғун»- сарчашмаи нуру зиё

 Аз оғози корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо заҳмату талоши шабонарӯзии масъулин ва кормандони муҳандисию техникии ин иншооти бузурги аср то имрӯз ду агрегати он солҳои 2018-2019 сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар нақша ҳаст, ки бо дарназардошти омилҳои объективию субъективӣ соли 2025 сохтмони агрегати сеюм, соли 2027 агрегати чорум ва то соли 2029 (2031) агрегатҳои панҷуму шашум ба анҷом расонида шаванд. Он ҳама азму ҷазму ҷоннисориҳо, он ҳама талошу кӯшишу заҳмат ва далерию мардонагиҳо, сабру таҳаммули бунёдгарони неругоҳро, ки мо дидему умеду боварро дар чашмони шарарборашон хондем, гувоҳ бар он буд, ки нақшаҳо дар муҳлатҳои муайяншуда ба иҷро хоҳанд расид.

Дигар мардум аз бебарқӣ азият нахоҳад кашид. Тоҷикистон нурборон, чароғистон хоҳад шуд ва нури ҷонафзои он хонадони хамсояҳои моро низ гарму пурзиё хоҳад намуд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ««Роғун» манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод».

Дар дил хоҳише пайдо мешавад, ки номи чанд нафар беҳтарине аз онҳоро ин ҷо сабт намоем, то дигарон низ аз кору қаҳрамониҳояшон огоҳ бишаванд. Инҳо: Холмӯъмин Толибов- ронандаи қитъаи СМР, Маҳмадраҷаб Асоев- таъмиргари қитъаи КСВ СМР, Ҳайдаршо Аҳмадов- муҳандис, Сулаймон Холмирзоев- сардори қитъа, Гулбаҳор Солеҳова- хабардеҳи дараҷаи сеюми қитъаи бехатарии кӯҳӣ ва корҳои таркишӣ, Акрам Авғонов-таъмиргари дараҷаи шашуми сарқитъаи механиконидашуда, Саидбек Раҳмонов- устои хоҷагии истеҳсолии қуму шағали рақами 10 РСИ дар шаҳри Роғун, Абдусамад Давлатов- оператори хати конвейерии қитъаи бетоншӯрӣ, Шӯҳрат Раҳмонов- сардори шуъбаи лабораторияи санҷишии РСИ дар шаҳри Роғун, Зоир Назаров — ронандаи мошини сабукрав, Юсуф Мукаммалов- муҳандиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ… Албатта, рӯйхатро метавон боз ҳам идома дод, вале мо бо ҳамин иктифо намуда, мегӯем: «Сано бодо, ба якояки шумоён, диловарони арсаи корнамоиву қаҳрамониҳо, ки бо эъҷози дастони сеҳрофару дили пуроташи худ манзилу дилҳои мардумонро гарму равшан мекунед! Ҳаргиз хаста набошед!».

Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,
Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.
Чун арсаи садоқату номуси миллат аст
,
Роғун
, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.

Бале, «Роғун» танҳо бунёди як неругоҳ нест, балки он бунёди ҳар яки мову миллат, бунёди истиқлолият ва ба ҳам овардани миллат аст, нангу номус ва иттиҳоди мардуми тоҷик аст!

«Роғун» — таҷассуми ишқи Ватан

— Ҳар гоҳ «Роғун» мегӯем, номи мубораку симои гарм ва нигоҳҳои меҳрбори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу салобати ба худ хос пеши назар меояд. Зеро таҷдид ва эҳёи ин шоҳкории беназир аз тасмимҳои сарнавиштсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад,- мегӯяд ҳангоми суҳбат бо мо директори истеҳсолии ҶСК НБО «Роғун» Анвар Раҳмонов, ки аз рӯзҳои нахустини оғози кор то ба имрӯз дар ин иншоот пурсамар фаъолият дорад.

Вай саҳифаҳои таърихи шуруъ ба кор, мушкилиҳо, садду монеаҳо, роҳҳои бартарафсозии онҳоро пешорӯи мо варақгардон месозад. -Эҳёи «Роғун»- гуфт Анвар Раҳмонов, — гаронтарину бузургтарин имтиҳони миллати мо дар пеши таъриху ҷаҳон буд. Фишору маҳдудият аз хориҷи ҷумҳурӣ зиёд буд ва кам касон ба эҳёи дубораи он бовар доштанд. Ҳазору як сабабу баҳона пеш меоварданду «наметавонед!»- мегуфтанд қатъиян. Пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати озоду шаффоф анҷом додани ташхису озмоиши лоиҳаи «Роғун» қариб чаҳор сол идома ёфт. Ташхиси байналмилалӣ собит сохт, ки бунёди «Роғун» имконпазир аст ва сохта, ба истифода додани он на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои мамлакатҳои ҳамсояву Осиёи Марказӣ ва минтақа ҳам муфид хоҳад буд. Ҳамин тавр, бунёди «Роғун»  бе маблағҳои қарзӣ оғоз ёфт. Дар бунёди он бештар аз замони шуравӣ мутахассисону кормандони хориҷиву дохилӣ ҷалб шуданд ва муддате нагузашта, ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард. Вақте аз хориҷа меҳмонони баландпоя ва тавонмандтарин мутахассисони соҳа омаданду ҷӯшу хурӯши корҳо, техникаҳои муосир, таҷҳизоти пуриқтидорро бо чашмони худ диданд, ҳангу мангашон канд ва қойил монданд. Ҳатто вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳайраташро пинҳон карда натавониста, гуфт: «Ба давлати мо ҳамчун кишвари осебпазир хеле кумакҳои башардӯстона мерасанд. Вале, сад афсус, ки мо ба мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешво надорем… ».  Пас, чӣ тавр, мо тоҷикон, аз Пешвои худ наболему нафахрем? Пеши хираду заковат, ҳиммату мардонагиву корнамоиҳои қаҳрамононаашон сари таъзим фуруд наорем?.

Суҳбати моро мушовири директори генералии ҶСК «Роғун», Корманди шоистаи Тоҷикистон Саидқул Қурбонов идома медиҳад:

«Роғун» беҳтарин ва бузургтарин дастоварди даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Маҳз дасти тавоно ва қалби пурҷӯшу пурэҳсони абармарди замон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи «Роғун»-ро дубора зинда ва пуровоза намуд. Сохтмони НБО «Роғун» пайваста дар мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор дорад. Давра ба давра назди сохтмончиён омадану суҳбат оростан, ҳидоятҳои раҳнамунсозандаашон ба онҳо қувваву неру ва болу пар мебахшад. Бояд ҳар фарди худогоҳу ватандӯст инро дарк намояд, ба қадри ҳама ин заҳматҳо ва дастоварду музаффарият расад. Моро зарур аст, ки барои пурра сохта, ба истифода додани НБО «Роғун» ҳар яке саҳми худро гузорем. Месазад, ки аз корнамоиҳои созандагону бунёдкорони ин иншооти бузурги аср намоишномаҳо омода, асарҳо, шеъру достонҳо офарида шаванд. Худи мо дар ҳаммуаллифӣ китобҳои «Роғун»,  «Эмомалӣ Раҳмон- эҳёгари Роғун» ва боз чанд китоби дигарро нашр, 20-30 филм таҳия намудаем. Боз як китоби нав бо номи «Роғун, воқеъият ва одамон», муаллифаш Хайрулло Сафарзода дар нашриёти Туркия чоп шуд ва ба дасти хонандагон расид.

«Роғун» — ангезаи ифтихор ва меҳру бовар

Бо як ҷаҳон таассурот, эҳсоси саршори ифтихор аз Ватану ватандорӣ, Пешвои миллат, шукргузорӣ аз ободӣ, осоиштагӣ, пешрафт, созандагӣ аз шоҳкории муҳташами «Роғун»-и овозадор — Кохи фардоафрӯзи Ватан ба пойтахти ҷумҳурӣ- Душанбеи нозанин бармегардем. Бо эътимоди қавӣ ба он ки «Роғун» бо ҳама ҷалолу шукуҳу шаҳоматаш дар марҳалаҳои наздиктарин бунёд мешавад ва бо нуру равшании ҷовидонааш на танҳо Тоҷикистон, балки оламро фурӯзон месозад. Дар фарҷом аз забони Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ мегӯем:

Чашми бад дур зи чашмони азизат, Ватанам,
Деву дад дур зи домони азизат, Ватанам…
Васл гуфтам, ки дигарбора якоҳанг шаванд,
Сайҳуну Вахшу Зарафшони азизат, Ватанам.
Бо шакарханда бизӣ, маҳди фараҳ бодо бод,
Сархуш аз замзама бустони азизат, Ватанам!

 

Мавлуда ШАРИФЗОДА,
узви Конфедератсияи
байналмилалии журналистон
,
Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини директори Агентии хизмати
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуҷанд -Душанбе- Роғун -Душанбе –Хуҷанд

 16 — 20 августи соли 2022

 

Сентябрь 3, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» саҳм мегузорад
Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми 350 миллион доллари ИМА қарори дахлдор қабул намуд