ИМД-2023. Маркази миллии тестӣ бақайдгирии давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро оғоз намуд

Сентябрь 4, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 04.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестӣ хабар доданд.

Нуқтаҳо барои бақайдгирии довталабон (давраи сеюм) дар 9 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи марказ оварда шудааст, ташкил гардидааст.

Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис намуда метавонанд:

— шахсоне, ки дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;

— довталабони дар давраҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;

— довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;

— довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;

— довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил кардан дар муассисаҳои таълимии тиббиро надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Шахси хоҳишманди иштирок дар даври сеюми ИМД-2023 бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавад, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб амал менамояд. Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади осонии раванди бақайдгирӣ ва сарфаи вақти худу корманди нуқтаи бақайдгирӣ довталаб метавонад бо истифода аз хизматрасонии «Пешномнависӣ» қаблан худро сабти ном намуда, баъдан барои бақайдгирии расмӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шавад.

Муҳлати давраи сеюми бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе то 13 сентябр ва дар шаҳру ноҳияҳои дигар то 12 сентябр муқаррар гардидааст. Хотиррасон мешавем, ки агар довталаби дар ин давра номнависшуда хоҳиши иваз намудани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад ин корро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар он худро сабти ном намудааст, муроҷиат намояд.

Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз се озмун – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2023 холӣ мондаанд, пешниҳод мешавад.

Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намуда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ ва макони фиристодани даъватномаро бояд интихоб намуд. Инчунин довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб менамоянд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабиро интихоб намуда метавонанд.

Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огоҳии кофӣ дошта бошанд. Тавре ки борҳо таъкид намудаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад. Барои донишҷӯ гардидан довталабон бояд танҳо ба дониш ва маҳорату малакаи худ такя кунанд.

Тибқи нақшаи пешакӣ, довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ худро номнавис менамоянд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 17 сентябр месупоранд. Дар ин давраи бақайдгирӣ ба довталабон 4 шаҳр – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод мешаванд, ки онҳо яке аз инҳоро интихоб намуда метавонанд.

Инчунин барои довталабоне, ки дар ин давра ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб менамоянд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В 18 сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронда мешавад.

Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давра пардохтшаванда 25 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хизматрасонӣ дар ИМД-2023, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти маблағи мазкур имтиёздошта дар зер оварда шудааст.

Маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои «Амонатбонк» ё тавассути барномаи мобилии «Амонат мобайл» бояд пешакӣ пардохта, рақами расиди пардохт ба шахси масъули нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод  шавад.

Маълумоти муфассалро дар бораи масъалаҳои марбут ба ИМД аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо намудан мумкин аст.

Маълумоти бештарро метавон аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ё 224 53 67 дастрас намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 4, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«TASHKENT GRAND SLAM». Варзишгари Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ба даст овард
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармояи ширкатҳои Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуд
«TASHKENT GRAND SLAM». Ҷудочии тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ ба даври финалӣ баромад
Густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва филиали Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов баррасӣ шуд
Дар моҳи март сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид
Хатмкунандагони мактабҳои пойтахт бо ҷараёни таълим дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон шинос шуданд
Дар Анталия раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт
Имрӯз даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд