Интернети устувор вориди кӯҳистон мешавад

Сентябрь 18, 2023 15:40

ДУШАНБЕ, 18.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои тоҷик дар ҳама ҷо, аз ҷумла  дар шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо ва ноҳияҳои камаҳолии кӯҳистон фаъолият мебаранд. Дар бисёр мавзеъҳо пайдо намудани провайдери боэътимоди интернет душвор аст. Пас дар хусуси пайвасткунии дастрасии собити баландсуръат (ТМСБ) бояд ба кӣ муроҷиат намоем? Якчанд  мисолро дар бораи чӣ тавр фаъолият намудани оператори имконияти нави рақамӣ бо муштариёни худ шарҳ медиҳем.

Интернет барои киберварзишгарон

Пайваст намудани интернети собит дар пойтахт мушкил нест.  Танҳо гузаронидани  кабели нахӣ-нурӣ ба бинои зарурӣ  ё  идораи  муайян кифоя аст. Аммо шояд мушкилоти дигари техникӣ вуҷуд дошта бошад. Масалан, як клуби бузурги киберварзишӣ  дар шаҳри Душанбе бо он ҳолат дучор омад, ки 99% каналҳои интернетӣ бо навсозии мунтазами  бозиҳо банд  шуданд. Қариб тамоми трафик ба ин сарф шуд, бозиҳо суст амал менамуданд ва ин ба бозигарон (геймерҳо) монеъ мешуд.

Мутахассисони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пас аз таҳлили вазъият барои мизоҷон пешниҳоди  барномавии  махсус, аз қабили  трафики бозӣ ва тақсимот ба ду канали мустақилро таҳия намуданд.  Дар натиҷа раванди навгардонии барномаҳо дигар ба корбарон таъсир намерасонад. Масъалаи мушкил ҳалли худро пайдо намуд ва ин ҳам дар ҳоле, ки нархи шартномаи байни клуб ва оператор басташуда бетағйир боқӣ  монд.

…барои танзимгарони  ҳавопаймоҳо

Технологияи M2M ( Machine-to-Machine), ки ба мубодилаи маълумот тариқи таҷҳизот бе дахолати инсон мусоидат менамояд, дар  автоматикунонии парвозҳои ҳавопаймоҳо истифода мешавад. Интернети боэътимод барои муайян намудани ҷойгиршавии дақиқи ҳавопаймоҳо аз ҷониби як ташкилоти давлатӣ талаб карда шуд, ки дар он лоиҳаи навсозии системаҳои назоратӣ оғоз ёфтааст. Яке аз нуқтаҳои назоратӣ дар деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир шудааст. Аммо провайдерон натавонистанд, ки ба он ҷо ноқил гузаронанд. Кӯҳҳо хеле баланд буда, хусусиятҳои маҳал бениҳоят мураккаб мебошанд.

Роҳи ҳалро ширкати «МегаФон Тоҷикистон» пешниҳод намудааст: канали интиқоли маълумот тавассути моҳвораи кайҳонӣ ташкил шуд. Ҳоло ин созмон дар як минтақаи баландкӯҳе, ки ҳавопаймоҳои ширкатҳои бузурги ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвоз менамоянд, аз интернети бефосила бархӯрдор аст. Шабакаи радифӣ  ҳамчунин Мурғобро бо вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе мепайвандад.

…барои сокинони ноҳияҳо

Ҳалли мушкилоти муштариёни тиҷоратӣ дар  умум  ба алоқа таъсири судманд мерасонад. «Ба наздикӣ мо дар ноҳияи Сангвор  интернети собит пайваст намудем. Корҳо дар ҳудуде, ки аз маҳалҳои  аҳолинишини калон дур аст, гузаронида шуданд. Дар баробари ин мавҷгирҳои алоқаи кандуӣ насб шуданд. Ба шарофати инфрасохтори бунёдшуда сифати тамоми хизматрасонӣ дар ин ноҳия тадриҷан  беҳтар гардид», — мегӯяд Директор оид ба  инкишоф ва  корбурди ТМСБ  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.

Дастрасии собити фароҳаҷм ба интернети ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар байни ташкилоти давлатӣ, соҳибкорони хурду миёна ва бузурги ҷумҳуриамон талаботпазир аст, зеро хизматрасонӣ  маҳдудияти географӣ надорад. Ҳар шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ метавонад муштарии корпоративии оператор гардад. Тафсилот оид ба хизматрасонии «Интернети собит» – бо телефони +992-90 200 08 77 ё бо рақами 4747 (шабонарӯзӣ кор менамояд). Дархостро барои пайвасткунӣ дар сомонаи ширкат гузошта метавонед.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Сентябрь 18, 2023 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Рашт бинои нави Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар мулоқоти Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли СММ баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷамъомади идона доир шуд
Нақш ва ҷойгоҳи Конуститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Москва Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид