ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ВАРЗИШ. Ба шарафи варзишгарони тоҷик 6450 маротиба Парчами давлатӣ дар ҷаҳон баланд бардошта шуд

Сентябрь 9, 2023 18:25

ДУШАНБЕ, 09.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати варзишгарони тоҷик 6450 маротиба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баланд бардошта шуда, зиёда аз 2000 маротиба Суруди миллӣ ба хотири дастоварди онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии дохиливу хориҷӣ садо додааст. Чунин изҳор дошт ба АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 бо мақсади ҳимояи шарафи варзиши Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, таъмини рушди олимпизм дар ҷумҳурӣ Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъсис ёфта, 24 сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шуд.

Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгарон ба тамрин машғул шуда, ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ҷалб мегардиданд ва бо медалҳо ба Ватан бармегаштанд. Аз ҷумла, варзишгари тоҷикистонӣ Андрей Абдувалиев солҳои 1993 ва 1995 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар намуди гурзандозӣ сазовори медали тилло гардид.

Ба мушкилоти сиёсӣ нигоҳ накарда, маҳз бо дастгирии Сарвари давлат ҳайати олимпии Тоҷикистон зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1994 дар Бозиҳои 12-уми Осиё, ки дар шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон баргузор шуд, иштирок намуд. Дар ин бозиҳо варзишгарони мо сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.

Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ бори аввал соли 1996, ки дар шаҳри Атлантаи ИМА доир шуд, иштирок намуд. Албатта, ин дар замони мураккаби дохилӣ буд ва бе дастгирии роҳбарияти давлат ин имкон надошт. Дар ин бозиҳо 8 варзишгар шарафи варзиши ҷумҳуриро ҳимоя намуданд.

Баъд аз Президенти Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 соҳаи варзиш, аз ҷумла Ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ бештар рушд намуд. Хусусан баъд аз мулоқоташон бо варзишгарон 20 декабри соли 2010 ҳавасмандии варзишгарон бештар гардид

Аз ин пештар, 28 марти соли 2007 Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи баргузор намудани “Дави миллӣ» ба имзо расид, ки ин чорабинии муҳим дар роҳи солим нигоҳ доштани ҷомеа якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол доир мегардад ва ҳар сол сафи иштирокчиёни он меафзояд. Ҳаминро ҳам гуфтан бамаврид аст, ки қабл аз ин – солҳои 2005 ва 2006 Дави олимпӣ доир гардида, дар аввалин Дави олимпӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Баъд аз мулоқоти Сарвари давлат бо варзишгарон ва масъулини соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Хусусан бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, дар панҷ соли охир дар пойтахт чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар шашмоҳаи аввали соли 2023  7 маротиба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Дар ин мусобиқаҳо 1303 нафар варзишгарон аз 127 давлати ҷаҳон ба пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе омаданд.

Бо мақсади ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш ва омода намудани варзишгарони касбӣ ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 128 муассисаи таълимии варзишӣ, мактабҳои маҳорати олӣ ва тайёрии варзишӣ, 46 федератсияи варзишии олимпӣ ва ғайриолимпӣ, 35 клуби варзишии футбол ва дигар намудҳои варзиш фаъолият менамоянд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон аз рӯи 45 намуди варзиш дар 4215 гурӯҳ ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои соҳавӣ давра ба давра таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба рушди соҳаи варзиш заминаи мусоид гузошта шуд.

Аз ҷумла, дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва дар заминаи он «Барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешаванд.

Бояд ёдовар шавем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шудааст.

Дар доираи санади қабулшуда то ин муддат барои 250 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 961 ҳазору 250 сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо гардида, дар вазъияти тантанавӣ тақдим шудааст.

Бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиши олимпӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаде ба имзо расид, ки ғолибон ва ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ, паралимпӣ ва сурдлимпӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд бо стипендияи моддии моҳонаи якумра ҳавасманд мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2023 18:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ байни наврасон ва ҷавонон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАҲРИ АРАЛ. Нигине, ки дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид, аз байн меравад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон иштирок менамоянд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони 211 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар Бохтар майдони назди муҷассамаи Ҷалолиддини Балхӣ бозсозӣ мешавад
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?
Хоруғ – шаҳре, ки аз самари Ваҳдати миллӣ ҳар рӯзу ҳар соат шукуфонтар мешавад
Меваҳои яхкардашуда манбаи витамину минералҳо буда, масуниятро баланд менамоянд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Дидгоҳи Президенти Тоҷикистон ба криосфера ҳамчун замина барои амнияти глобалӣ»
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад