ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲОИ ОСИЁ-2023/24. Имрӯз «Истиқлол» бо «Ал-Дуҳайл» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозӣ менамояд

Сентябрь 19, 2023 12:03

ДУШАНБЕ, 19.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 сентябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Дуҳайл» (Қатар) баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 21:00 мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мизбонони рақобат- футболбозони «Истиқлол» бо пироҳанҳои сурх ва дастаи меҳмон бо либосҳои хокистарранг ба варзишгоҳ мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи натиҷаи қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24,  чемпиони Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ба гурӯҳи «Е» шомил шуд. Рақибони дастаи пойтахт дар гурӯҳ “Персеплолис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ) мебошанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2023 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид