МегаФон Тоҷикистон ва «Сиёма» миқдори маҳдуди об бароварданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мобилиро комилан бароҳат ҳал намоед! Дар толорҳои алоқа яхдонҳо бо оби кӯҳӣ пайдо шуданд, ки дар рӯзҳои гарм ташнагиро мешикананд. Миқдори маҳдуд зери бренди «МегаФон Тоҷикистон» аз ҷониби ширкати «Сиёма» истеҳсол шудааст. Дигар лоиҳаҳои муштарак низ дар назар ҳастанд, ки боздидро ба толорҳои аввалин оператори имконияти нави рақамӣ ба вақтгузаронии гуворо табдил медиҳанд.
Дар толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» мизоҷон метавонанд тавозуни телефони худро пур намоянд, қарзҳо ва ҳаққи хизматрасонии коммуналиро пардохт намоянд, интиқоли маблағ анҷом диҳанд ва дастгоҳҳои мобилӣ бихаранд. Мушовирон омодаанд, ки дар бораи тарзи пайваст кардани интернети хонагӣ ё гирифтани пули нақд аз корти бонкӣ бо ёрии хизматрасонии «Cash Out» маълумот пешниҳод намоянд. Барои истифодаи бештари хизматрасониҳо муштарии ширкат будан шарт нест.
Аз моҳи сентябр дар толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» оби брендшудаи софи аз пиряхҳо ҷоришавандаро харида метавонед. Дар 18 нуқтаи фурӯши оператор дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ яхдонҳои дорои оби «ҳаёт» аз кӯҳҳои ҷумҳурӣ гузошта шуданд. Дар оянда доираи ҳамкорӣ ва номгӯи маҳсулоте, ки хизматрасонии рақамиро пурра менамоянд, васеъ мегарданд.
«Об аз хизматрасониҳои алоқа дур ҳам бошад, вале мо кӯшиш дорем, ки мизоҷони толорҳои алоқаи худро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин кунем. Дар фасли гармо меҳмонон аксар вақт мегӯянд, ки хоҳиши рафъи ташнагӣ доранд. Аз ин рӯ мо лоиҳаи муштаракро бо оби «Сиёма» оғоз намудем. Мо аллакай дар бораи пешниҳоди қаҳва ба мизоҷон дар ҳавои сард фикр намуда истодаем. Барои онҳое, ки толорҳои моро интихоб менамоянд, шароити бароҳат фароҳам меорем!» – мегӯяд Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






