МУБОРАК БОД ИСТИҚЛОЛ! Дар ин давра халқи тоҷик ба он ормонҳои миллие расид, ки тасаввурнопазир буданд ва ин ҳақиқат ҳоҷат ба исбот надорад
ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иқдомҳои бинокориву бунёдкориҳо, ки аз оғози даврони Истиқлолияти давлатӣ шуруъ гардиданду ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат авҷи тоза гирифта буданд, ҳоло ба пешвози ҳар соли истиқболи рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла 32-солагии он идомаи тоза меёбанд. Ин бунёдкориҳо дар ду-се соли охир то ба ҳадде буданд, ки имрӯз маркази ноҳияҳо ва деҳоти дурдасттарини моро ҷилои тоза ва симои нав бахшида, ба ҳадди шинохтанашаванда дигар намудаанд. Чунин ибрози андеша намудааст бо дили пур аз фараҳ нисбат ба ҷашни бузурги миллӣ- 32-солагии Истиқлолияти давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
— Воқеан, баъзе маҳаллу марказҳои мамлакати моро агар ду-се сол надида бошед, имрӯз дидаву шинохтан душвор аст, зеро он қадр ободу зебо гардидаанд, ки аз диданашон кас ба ҳайрат меафтад.
Падидаҳои дурахшоне, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зиёда аз сӣ сол ва хусусан дар солҳои охир мамлакати азизи моро фаро гирифтаанд, хеле зиёд мебошанд. Аз ҷумлаи онҳо созандагиву бунёдкорӣ ва ободониву шукуфоӣ дар саросари Тоҷикистон мебошад, ки имрӯзҳо то дурдасттарин гӯшаҳои мамлакатро фаро гирифтааст.
Ин бунёдкориҳоро метавон ба самтҳо ҷудо намуд. Яке аз ин самтҳо бинокорӣ мебошад, ки аз сохтмони биноҳои маъмуриву давлатӣ то муассисаҳои соҳаи фарҳангу маориф ва варзиш, кӯдакистонҳову муассисаҳои таълимӣ, табобатхонаву бемористонҳо ва ғайраро фаро мегирад. Яъне, дар хоҷагии халқи мо соҳае нест, ки сарфи назар шуда бошад. Насими ободиву созандагӣ ҳама самтҳо ва ҳама соҳаҳои зиндагии моро фаро гирифтаву зиндагии халқи моро таровату шукуҳи тоза бахшидааст. Ва ин ҳама аз баракат, шарофат ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз 32-солагии онро бо шукуҳу ҷалоли беназир ва дили саршор аз фараҳу нишот ва орзую мурод таҷлил менамоем.
Метавон дар мавриди бунёди роҳҳо алоҳида сухан гуфт, ки аз шоҳроҳҳои байналмилаливу нақбҳои мамлакат то роҳҳои байни деҳот тамоми ҷодаҳоро фаро гирифтаанд. Теъдоди ин бунёдкориҳо аз даҳҳову садҳо то ба ҳазорон расидааст. Ва ҷолиб ин аст, ки ин бунёдкориву созандагиҳо бо ифтихори баланди миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ амалӣ мешаванд ва ҷолибтар ин аст, ки аз онҳо анқариб ҳеҷ қишри ҷомеа дар канор нест. Яъне, имрӯз тамоми сокинони мамлакат дар он саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамин руҳияи якдиливу ваҳдати миллӣ аст, ки Тоҷикистони азизи мо пайваста ба боғу гулистон, диёри сабзу хурраму нозанин бо имконияту шароити навини зиндагӣ табдил меёбад.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар роҳи ба даст овардани пирӯзиҳо, дар ҷодаҳои бунёдкориҳои бесобиқа ҳадафҳои баланди миллие, ки аз ҷониби Пешвои миллат ва ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои нахуст пайиҳам гузошта мешуданд, нақши бузург бозиданд. Ҳамин ҳадафҳои бузург буданд, ки давлати мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфту амнияти озуқавориро барои худ таъмин намуд. Имрӯзҳо мо шоҳиди натиҷаҳои аввалину умедворкунандаи ҳадафи волои навини стратегии мамлакат – саноатикунонӣ гардида истодаем. Аллакай даҳҳо корхонаҳои нави саноатӣ дар муддати кӯтоҳ дар шаҳру вилоятҳо ва ҳатто ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат ифтитоҳ ёфта, ба истифода дода шуданд. Ин далели истиқболи гарми даъвати Сарвари давлат дар мавриди саноатикунонии мамлакат аз ҷониби халқ аст. Мо шоҳиди онем, ки Тоҷикистони азизи мо дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ аз як мамлакати аграриву кишоварзӣ пайваста ба давлати индустриаливу саноатӣ табдил меёбад. Дур нест он рӯзе, ки ин ҳадафи волои стратегии мамлакат низ амалӣ мегардад ва Тоҷикистони азизи мо ба давлати саноатӣ бо саноати пешрафтаи замонавӣ табдил меёбад ва сатҳи зиндагии халқамон ба дараҷаҳое боло бардошта мешавад. Метавон гуфт, ки қуллаи баланди дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизи мо бунёди НБО-и «Роғун» аст, ки ҷаҳонро дар рӯ ба рӯи ин ҳақиқат гузошт, ки миллати тоҷик метавонад ба пирӯзиҳое даст ёбад, ки ҷаҳонро ба ҳайрат меоваранд.
Ин аст моҳият ва аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, ки ба шарофати он миллати куҳанбунёди мо соҳиби обу замини худ гардидаву тақдири худро ба дасти худ гирифт. Дарки ҳамин рисолати таърихӣ миллати моро эҳёи дубора дод ва ин миллат аз сиришти некманишонаи худ бо фурӯғу дурахши тоза ҳувайдо гардид ва имрӯз ба ҳама ҷаҳон собит месозад, ки ин халқ- миллати инсонпарвару адабпарвару башардӯст ҳамеша дар ҳавои сулҳу осоиш ва меҳру муҳаббат, бунёдкориву созандагӣ ва некиву хайрхоҳӣ ба сар бурдаасту ба сар хоҳад бурд.
Аммо, хушбахтона, бунёкориву созандагиҳо бо суръати баланд идома доранд. Ин далел, ки танҳо дар дурдасттарин вилояти кӯҳистони мо- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мувофиқи маълумоти нав 93 корхонаи нав сохта, ба истифода дода шуд, гувоҳи натиҷаҳои самарабахши сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва суръати баланди бунёдкориҳо дар мамлакат мебошад. Чунин бунёдкориву созандагӣ тамоми гӯшаҳои мамлакатро фаро гирифтаанд, ки бо ном бурдани онҳо варақҳоро метавон пур намуд. Бубинед, танҳо дар ноҳияи Фархор, чуноне ки аз забони мубораки Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунидем, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 400 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Ин ки дар Тоҷикистони азизи мо дар ҳафт моҳи соли равон 57 бинои нави муассисаи таълимӣ бо 15 ҳазор ҷойи нишаст бо сифати баланди ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта, ба истифода дода шуд, худ далели рангини дастовардҳои мо дар соҳаи бунёдкориву созандагӣ, хусусан дар соҳаи маориф мебошад. Ва ин амал дар партави ҳидоятҳи Пешвои миллат аст, ки гуфтаанд: «Ояндаи миллат аз омӯзгорон ва чӣ гуна сифати таълиму тарбияро баланд бардоштани онҳо вобаста аст».
Ҳамин гуна далелҳои хурсандибахшро дар мавриди бунёдкориҳои тоза метавон аз соҳаи тибби ҷумҳурӣ, фарҳангу варзиш ва дигар соҳаҳо, аз ҷумла саноату хоҷагии кишоварзӣ низ фаровон овард. Ба назар чунин менамояд, ки миллати соҳибтамаддуни мо имрӯзҳо ба шарофати Истиқлолияти далатии худ мехоҳад дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми аздастдодаҳои таърихии худро ба даст орад. Ин аст шарофату баракати Истиқлолияти давлатӣ ва самараҳои неки он.
Мо ба таври умумиву мухтасар дар мавриди созандагиву бунёдкориҳо дар шаҳру деҳоти мамлакат сухан гуфтем, аммо бояд гуфт, ки дар радифи онҳо бунёдкориву созандагиҳои дурахшоне дар соҳаи маънавиёт низ амалӣ шуданд. Дастовардҳои маънавии даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ на камтар, балки бештар гувоҳи пирӯзиҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз мебошанд, зеро дар он ҷое, ки як халқ ба пирӯзиҳои маънавӣ ноил мешавад ва сатҳи маънавиёти халқаш боло бардошта мешавад, метавон пирӯзиҳои тамоми соҳаҳои дигарро низ умедвор шуд. Ва чунин ҳам ҳаст. Дар соҳаи маънавиёт ҳоло бунёдкориҳо идома доранд, мо умедвори дастоварду пирӯзиҳои баланд дар соҳаи маориф, дастоварду пирӯзиҳои илмиву фарҳангиву адабӣ ҳастем. Аммо танҳо ба роҳ мондани озмунҳои “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат” тӯли чаҳор соли охир таъсир ва саҳми бузурги худро дар боло бурдану ғанӣ намудани маънавиёти миллатамон гузоштанду гузошта истодаанд. Гумон мекунам, ин озмунҳоро низ метавон дар қатори дастоварду пирӯзиҳои Истиқлолияти маънавии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дили пур ном бурд.
Аз оғози даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар тамоми Паёмҳои Пешвои миллатамон гаштаву баргашта таъкид мешуд, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагони халқи ҷумҳурӣ аст. Ин дастовард, ки дар тӯли ин ҳама солҳо сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 73 фоизи мавҷуда ба 22 фоиз коҳиш ёфтааст, худ далели пирӯзии сиёсати соҳибистиқлолии давлати мо аст, ки ин раванд, ин сиёсат бо суръати баланд идома дорад. Инак, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар суханрониҳои худ таъкид намуданд, ки «35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сазовор пешвоз мегирем!».
Ва ин суханони Президенти Тоҷикистон бори дигар гувоҳи он аст, ки ҳадафи асосӣ ва волотарини Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат буду ҳаст.
Барои дарки пирӯзиву дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷкистони азизамон кофӣ аст, ки ҳаёти замони то инқилоби халқамон ва рӯзгори то замони расидан ба Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои 32 соли замони соҳибистиқлолӣ муқоиса кунем. Ин муқоиса воқеан касро ба ҳайрат меоварад, зеро дар тӯли сию ду соли замони соҳибистиқлолӣ корҳое амалӣ шуданду халқи мо ба он ормонҳои миллие расид, ки тасаввурнопазир буданд ва ин ҳақиқате аст, ки ҳамагон аз он огоҳ мебошанду имрӯзиён онро ба чаши худ диданд ва ҳоҷат ба исбот надорад.
Дар ин давра корҳое анҷом дода шуданд, ки мо дар тӯли ҳазор соли таърихамон ҳатто дар гумон ва боварамон надоштем. Мо умедвор ҳастем, ки ҳадафҳои воло, нияти неку сиришти хайрхоҳонаи миллати тоҷик имкон медиҳанд, ки халқи соҳибтамаддун ва башардӯсти мо таҳти сарварии Пешвои муаззами худ сиёсати бунёдкориву созандагияшро идома дода, саҳми бузурги худро дар таҳкими сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ягонагии халқҳои ҷаҳон, наҷоти сайёра аз таҳдидҳои охирзамон хоҳад гузошт.
Мо умедворем, ки Истиқлолияти мо ҷовидонӣ аст. Албатта, истиқлолият ва якпорчагии ҳар давлат дар сурате пойдор хоҳад монд, ки дар саросари мамлакат сулҳу амонӣ ва волоияти қонун ҳукмфармо бошад. Бинобар ин мо тамоми кӯшишро ба он равона месозем, ки сулҳи деринтизор дар Тоҷикистон ҳаргиз халалдор нагардад ва ба хотири пос доштани истиқлолияти миллӣ дар байни неруҳои гуногуни сиёсӣ фазои якдигарфаҳмӣ таъмин бошад.
АКС аз манбаъҳои боз