Мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия

Сентябрь 29, 2023 19:45

ДУШАНБЕ, 29.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар ҳошияи мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилаи судманд муҳокима гардида, аз сатхи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ пайваста рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии боэътимоду дӯстона расидааст.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар низоми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳамкори байни минтақаҳои ду давлат, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 29, 2023 19:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд