Мумфаршкунии роҳи маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи Рӯзи шаҳри Хуҷанд мумфаршкунии роҳи байни шаҳракҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд расман оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар оғози мумфаршкунии роҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинон изҳор дошт, ки бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки роҳи байни шаҳракҳои 13 ва 18-и маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд беш аз 600 метр дарозӣ ва 10 метр паҳноӣ дорад. Фармоишгар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва пудратчии корҳо Идораи роҳсозии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Аҳли маҳаллаи Мевағули шаҳр аз ин иқдоми созандаи давлату Ҳукумати мамлакат истиқбол намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки ҳамагон дар канор наистода, дастҷамъона дар ободонии диёр саҳм мегузоранд.
Ёдовар бояд шуд, ки то ба имрӯз дар шаҳри Хуҷанд беш аз 40 километр роҳҳо мумфарш карда шуданд ва ин амал дар дигар кӯчаҳо то охири сол идома меёбад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад






