Намояндаи Тоҷикистон дар машварати нахустини вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ – Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии маҳсулоти кишоварзии Янлин ва Форуми байналмилалии сатҳи баланд доир ба муҳофизати солимии хок 19 сентябр машварати нахустини вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ – Чин баргузор гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар машварат вазирони кишоварзии Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Чин иштирок намуданд.
Дар нишасти машваратӣ ҷонибҳо муҳимияти масъалаҳои фароҳам овардани шароит барои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ дар минтақа, беҳтар намудани сифати маҳсулоти ғизоӣ дар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ-Чин, рушди деҳот, пешгирии тағйирёбии иқлим ва вайроншавии таркиби хок, хушксолӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон иштирокдорон ҷиҳати тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои растанипарварӣ, механиконии кишоварзӣ, гузариш ба кишоварзии сабз, кишоварзии рақамӣ, табодули таҷриба ва такмили ихтисоси кормандони комплекси агросаноатӣ, ташкили паркҳои технологии зироаткорӣ, техникаи кишоварзӣ, коркард ва бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳтар намудани ҳамкории илмӣ ибрози андеша намуданд.
АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






