ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти вобастаи давлатии даъват, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулони ҷузъу томи низомӣ доир ба иҷрои талаботи қонуну санадҳои амалкунанда дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа изҳор гардид, ки комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мақомоти масъули даъват ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи низомӣ ба роҳ монанд, то дар натиҷа ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва дорои аҳамияти мудофиавӣ дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад.
Зимнан, ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ таъкид шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри пешгирию бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои зарурӣ қабул намоянд.
Дар кори ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ дар даъвати баҳории соли равон, кор бо захираҳои даъватӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба даъвати шаҳрвандон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Зимнан таъкид шуд, ки мақомоти масъули даъватро зарур аст, ки дар раванди баргузории чорабиниҳои даъватӣ бо масъулияти баланд амал намуда, маъракаи даъвати дарпешистодаро дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






