Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон ва имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкории байниминтақавӣ андешаронӣ намуданд.
Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкории минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад.
Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Инчунин Сарвари давлат оид ба имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷудаи кишвар ва инчунин самтҳои афзалиятноки мутақобилан судмандро таъкид намуданд.
Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






