Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Испания ояндаи наздик ёддошти тафоҳум ба имзо мерасонанд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 сентябри соли 2023 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар шаҳри Мадрид бо роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания вохӯриҳо анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар рафти вохӯриҳо масъалаҳои муқовимати муштарак ба терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания мақоми ваколатдори давлатии Испания дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм буда, мубодилаи маълумоти фаврӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти муайян намудани хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ба уҳдаи ин мақом вогузор шудааст.
Аз ин рӯ, ба мувофиқа расида шуд, ки байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания дар наздиктарин фурсат дар хусуси истифодаи муштараки иқтидори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд






