Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева мулоқот намуданд

Сентябрь 13, 2023 14:04

ДУШАНБЕ, 13.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот раисони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки рушди ҳамаҷониба ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Узбекистон дар сиёсати хориҷии давлати мо мавқеи афзалиятнок ишғол намуда,  ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи бо ҳам дӯст мебошад.

Таъкид гардид, ки дар давоми  беш аз сӣ сол муносибатҳо байнидавлатии  Тоҷикистон ва Узбекистон бо такя ба заминаи устувори ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд ва бо назардошти эҳтироми манфиатҳои тарафайн аз озмоишҳои зиёд гузашта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.

Имрӯз робитаҳои байни ду давлат дар соҳаҳои сиёсию дипломатӣ, тиҷорати иқтисодӣ, илмиву техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбию техникӣ ва дигар соҳаҳо пайваста густариш меёбад.

Ҷонибҳо ба тавсеаи фаъоли робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин ҳамкории парламентҳои ду давлат дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои байналмилаливу байниминтақавӣ таваҷҷуҳи хосса дода, ҳавасмандии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд.


Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистон ва Узбекистонро дар бахшҳои мухталиф баррасӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати тақвияти муколамаи байнипарламентӣ ва таъмини рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои мардумони ду давлат изҳор доштанд.

Ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон табодули назар карда  шуд.

Пас аз музокироти дуҷониба маросими имзои Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси  Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки бо имзои Созишномаи мазкур сатҳи муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Узбекистон тавсеа ёфта, дар сатҳи Комиссияи доимамалкунанда ба роҳ монда мешавад.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 13, 2023 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Файзалӣ Идизода бо иштирокчиёни Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният доир шуд
Ҷаласаи навбатии кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занони Маҷлиси миллӣ доир гардид
Ҷаласаи навбатии кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ доир гардид