«РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи таҷлили 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш хизматчиёни давлатӣ-намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва донишҷӯёни риштаи таҳсили «Ҳуқуқшиносӣ» ва «Идоракунии давлатӣ»-и донишгоҳи мазкур иштирок доштанд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов ҳозиринро бо ҷашни миллӣ — 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ муборакбод гуфта, роҷеъ ба аҳамияти соҳибистиқлолии давлатӣ барои миллати тоҷик ва дастовардҳои солҳои истиқлол ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба дасти худ гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хосса пайваст.
Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намуда, тaшaббусҳои ҷумҳурии мо бa хотири тaъмини зиндaгии шоистaи тaмоми сокинони сaйёрa дaр сaтҳи ҷaҳонӣ пaзируфтa шудaнд. Мардуми тоҷик имкон пайдо намуд, ки ватани худро соҳибӣ, давлатдории миллии худро барпо, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё, ормонҳои деринаи халқро амалӣ ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монад.
Хизмати давлатии муосири Тоҷикистон зодаи Истиқлолияти давлатӣ буда, дар заминаи ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо таҳкими аркони давлатдории миллӣ таъсис ва ташаккул ёфт.
Собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ ва ҳайати роҳбарии донишгоҳ доир ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ дар ҷумҳурӣ, ҷараёни иҷрои корҳои бунёдкоронаву созанда ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат сухан гуфтанд.
Инчунин дар ҳамоиш маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҷавони давлатӣ баргузор шуд.
Дар фарҷом як зумра хизматчиёни давлатӣ барои саҳми муносиб дар рушди хизмати давлатӣ бо ифтихорномаҳои Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ шуданд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






