Рушди илми тибби тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ назаррас аст
ДУШАНБЕ, 11.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Олимони соҳаи тандурустӣ, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде ноил шуданд, барои рушди илми тибби тоҷик ва татбиқи корҳои илмӣ дар амал хизматҳои шоён намуданд. Танҳо ҳаминро гуфтан ба маврид аст, ки солҳои 2010-2022 кормандони муассисаҳои илмии соҳаи тиб 200 патент оид ба ихтироот ва 1170 пешниҳоди навоварӣ гирифтанд. Ва ин ҳама барои пешравӣ ва рушди илми тиб таъсири калон мерасонад, иброз намуд ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ Алиҷон Ғоибзода.
Мавсуф дар бораи дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар даврони истиқлолият чунин гуфт:
— Истиқлолият ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон баъд аз ҳазор соли мавҷудияти давлати Сомониён соли 1991 ба даст омад ва имрӯз халқи тоҷик тавассути он дар арсаи ҷаҳонӣ мақому манзалати тозае касб намуд. Маҳз истиқлол имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи ҷумҳурӣ ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ боз гардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи ҷумҳурӣ ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистонро, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро муайян намуд.
Ҳамаи ин сабаби он гардид, ки оҳиста-оҳиста низоми бомароми зиндагӣ амалӣ гашта, пешравӣ дар тамоми соҳаҳо ба даст ояд ва Тоҷикистон ба ҷумҳурии рӯ ба тараққӣ табдил гардад. Дар ин замина олимони соҳаи тандурустӣ солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде ноил шуданд.
Дар ин солҳо аввалин маротиба паҳншавӣ ва генотипҳои гепатитҳои музмини В, Д ва С дар Тоҷикистон, таъсирнокии доруҳои нави зиддивирусӣ ҳангоми гепатитҳои В ва С омӯхта шуд.
Усулҳои нави иммунологӣ, молекулярии ташхис, табобати гепатиҳои музмин ва карсиномаи гепатотселлюлярӣ дар якҷоягӣ бо олимони Британияи Кабир ва Ҷопон коркард шуданд. Натиҷаҳои таҳлили молекулярӣ-генетикии вируси гепатити В ҷамъбаст шуд. Исбот гардид, ки гени вируси гепатити В дар Тоҷикистон ба гени вирус дар Узбекистон, Чин, Тайланд ва Ҷопон монанд аст.
Дурнамои инкишоф, суръати рушд ва хусусияти клиникию биохимиявии стеатогепатити ғайриалкоголӣ, бемории санги талха ва панкреатит дар беморони гирифтори фарбеҳӣ омӯхта шуд.
Оид ба лоиҳаи «Коркарди доруҳои муосир дар асоси гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» доруҳои нави «Гепатоман», «Ферубет» ва «Гастрофит» барои табобати бемориҳои ҷигар ва меъда пешниҳод шуданд.
Дар якҷоягӣ бо олимони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи криодеструкторӣ коркард гашт. Криоҷарроҳии ҷигар имкон дод, ки маводи хун ҳангоми амалиёти бурриши ҷигар назар ба ҷарроҳии маъмулӣ 2-3 маротиба камтар истифода шавад ва муҳлати бистарикунонии беморон 5-7 рӯз кам гардад.
Технологияи минӣ-инвазивии «ОРСАВ» дар табобати бемории ишемиявии дил, шунтикунонии коронарӣ дар дили кор кардаистода ва шунтикунонии экстраторакалии шараёнҳои брахиосефалӣ коркард ва дар амалия ҷорӣ шуд.
Бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунтикунонии шараёни гурда бо аутотрансплантат иҷро гардида, табобати вайроншавии назми дил бо роҳи аблятсияи радиобасомадӣ, реваскуляризатсияи таъҷилии миокард дар беморони мубталои синдроми шадиди коронарӣ, усули нигоҳдории структураҳои зеридарғотӣ ҳангоми ивазкунии дарғоти митралӣ ва усули бурриши чавгоншакли даҳлези рости дил ҳангоми ҷарроҳиҳои такрорӣ пешниҳод шуданд.
Усулҳои нави табобати саратони ковокии даҳон ва барқарорсозии оризаҳои он коркард шуданд.
Дар занони ҳомила омилҳои хавфи инкишофи норасоии ҳамроҳак муайян ва роҳҳои бартарафсозии онҳо пешниҳод шуд.
Чорабиниҳои нав оид ба ташхиси барвақтии бемориҳои занона ва ғадудҳои ширӣ коркард ва ба амалия ворид шуд.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби олимони тоҷик ҷиҳати пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти табобатии ватанӣ ва мавод таҳия гардид.
Олимони тоҷик бори аввал генотипи нави вируси сурхчаро муайян намуданд, ки он дар феҳристи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зери номи Tajikistan 25.01.2017 – 17031 ба қайд гирифта шуд.
Дар 12 соли охир амалиёти зиёди пайвандсозии гурда, пайванди ҷигар ва пайванди мағзи устухон гузаронида шуд. Олимони трасплантологи ватанӣ дар Маркази илмии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Красноярски Федератсияи Русия амали пайвандсозии гурдаро бо натиҷаи хуб анҷом доданд.
Сифати ҳаёти беморон, натиҷаҳо ва аворизи пеш ва баъди амалиёти ҷарроҳии метаболикӣ дар беморони гирифтори фарбеҳӣ ва диабети қанд омӯхта мешавад.
Мониторинги омӯзиши инкишофи навзодон бо нуқсонҳои модарзодӣ дар шаҳру ноҳияҳои гуногун нишон дод, ки зиёда аз 7-9% нуқсонҳо ба никоҳи хешу таборӣ мансубият доранд.
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 4 номгӯи маводи фаъоли биологӣ: субстрати ҳинги сайёр, хокаи ҳинги сайёр, равғани камол ва хокаи камол дар ғилофак тайёр шуда, дар истеҳсолот ҷорӣ гардид.
Ҷиҳати амалӣ намудани супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тайёр намудани доруворӣ аз растаниҳои ватанӣ 28 сентябри соли 2019 сехи истеҳсоли маводи доруворӣ аз растаниҳои шифобахш дар Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ кушода шуд, ки дар он 12 намуд маводи доруворӣ аз растаниҳои маҳаллӣ истеҳсол мешаванд.
Бо иштироки бевоситаи кормандони илмӣ коргоҳҳои коркарди равғани ангату бодом ва дигар гиёҳҳои шифобахш дар навоҳии Ванҷу Балҷувон ба истифода дода шуданд.
Аз Украина 26 номгӯй тухмии гиёҳҳои шифобахш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид ва коркарди гиёҳҳои шифобахши маҳаллӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Балҷувони Вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.
Коркарди регламентии истеҳсоли малҳам дар асоси бентонит ва равғани эфирии кокутӣ тартиб дода шуд.
Олимони тоҷик дар зарфи ин солҳо дар иҷрои зиёда аз 50 лоиҳаи илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, 12 мавзуи илмӣ оид ба «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020», 14 мавзуи ташаббусӣ ва 6 мавзуъ аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ иштирок намуда, чорабиниҳо ва сессияҳои илмиро дар мавзуъҳои «Дурнамо ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои ҷарроҳии дилу рагҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»(с. 2012), «Фарбеҳӣ – проблемаи аср» (с. 2013), «Дастовард ва рушди гастроэнтерологияи муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с. 2014), «Масъалаҳои мубрами гепатологияи муосир» (с. 2015), «Технологияи инноватсионӣ дар ҷарроҳии дилу рагҳо ва гинекология» (с. 2016), «Об ва саломатии инсон» (с. 2017), «Саҳми табибони ҷавон дар татбиқи технологияи муосир» (с. 2017), «Вазъ ва дурнамои рушди истеҳсоли доруҳои ватанӣ» (с. 2018), «Фарбеҳӣ-проблемаи аср» (с.2019) ва «COVID-19 ва оқибатҳои он» (с. 2021) баргузор намуданд.
Илова бар ин ба тарбияи кадрҳои баландихтисос низ диққати ҷиддӣ дода шуда, хизматҳои олимони ҷавон пайваста қадрдонӣ мешаванд.
Ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди илм, махсусан илми тиб беҳтар гардида, олимон барои ба натиҷаҳои назаррас комёб гардидан пайваста заҳмат мекашанд.
Алиҷон ҒОИБЗОДА,
ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
раиси Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»