Се корманди Хадамоти иҷро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуд

Сентябрь 8, 2023 13:56

ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба  32-солагии Истиқлоли давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.  Дар ҳамоиши идона  ба  як қатор кормандони хадамот, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд.

Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ таҳният гуфта, таъкид сохт, ки Истиқлоли давлатӣ таҷассумкунандаи асосҳои соҳибихтиёрӣ ва тамомияти ҳудудии мамлакат буда, вобаста ба аҳамияти худ дар низоми сиёсию ҳуқуқӣ мақоми марказиро ишғол менамояд. Соҳибистиқлолии ҳар мамлакат аз неъматҳои олитаринест, ки дар тамоми даврони таърихи башарӣ миллатҳо баҳри расидан ба он талошу ҷонбозиҳо намудаанд.

Таъкид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст, ки дар сарзамини мо сулҳу осоиштагӣ ҳукм меронад ва ин омили муҳимтарини инкишофи тамоми бахшҳои ҳаёти ҷумҳурӣ гардидааст.

Гуфта шуд, ки ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол, хусусан  сулҳ, субот, тинҷию амонӣ, тараққиёт, пешрафт, ободию гулгулшукуфоии Ватани азизамон аз ҷасорат, матонат, хислатҳои хайрҳохӣ, инсондӯстӣ ва некпиндории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.

Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолият, сулҳу ваҳдатро, ки сарчашмаи ҳаёти осоиштаи мост нигоҳ дошта, баҳри ҳифз, ободу зебо гардонидани сарзаминамон  ҳамеша омода бошем ва ба халқ, Ватани азизи худ ва Пешвои миллат содиқона  хизмат намоем.

«Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намудани кормандони мақомот рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаи  истеҳсолоти иҷро  мебошад. Ин қадршиносӣ барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, масъулиятамонро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ  боз ҳам зиёд намуда, моро ба бештар тақвият додани самаранокии фаъолиятамон ҳидоят менамояд»,-гуфт Барно Саидвализода.

Сардори раёстаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода сухан намуда, мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба се нафар корманди мақомот супорид.

Дар барорари ин, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷро ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавии навбатӣ супорида шуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2023 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид