Се корманди Хадамоти иҷро бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Дар ҳамоиши идона ба як қатор кормандони хадамот, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд.
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ таҳният гуфта, таъкид сохт, ки Истиқлоли давлатӣ таҷассумкунандаи асосҳои соҳибихтиёрӣ ва тамомияти ҳудудии мамлакат буда, вобаста ба аҳамияти худ дар низоми сиёсию ҳуқуқӣ мақоми марказиро ишғол менамояд. Соҳибистиқлолии ҳар мамлакат аз неъматҳои олитаринест, ки дар тамоми даврони таърихи башарӣ миллатҳо баҳри расидан ба он талошу ҷонбозиҳо намудаанд.
Таъкид гардид, ки боиси ифтихору сарфарозӣ ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст, ки дар сарзамини мо сулҳу осоиштагӣ ҳукм меронад ва ин омили муҳимтарини инкишофи тамоми бахшҳои ҳаёти ҷумҳурӣ гардидааст.
Гуфта шуд, ки ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол, хусусан сулҳ, субот, тинҷию амонӣ, тараққиёт, пешрафт, ободию гулгулшукуфоии Ватани азизамон аз ҷасорат, матонат, хислатҳои хайрҳохӣ, инсондӯстӣ ва некпиндории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.
Бинобар ин, ҳамаи моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолият, сулҳу ваҳдатро, ки сарчашмаи ҳаёти осоиштаи мост нигоҳ дошта, баҳри ҳифз, ободу зебо гардонидани сарзаминамон ҳамеша омода бошем ва ба халқ, Ватани азизи худ ва Пешвои миллат содиқона хизмат намоем.
«Дар арафаи ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз намудани кормандони мақомот рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаи истеҳсолоти иҷро мебошад. Ин қадршиносӣ барои ҳар кадоми мо мояи ифтихор ва сарбаландӣ буда, масъулиятамонро баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ боз ҳам зиёд намуда, моро ба бештар тақвият додани самаранокии фаъолиятамон ҳидоят менамояд»,-гуфт Барно Саидвализода.
Сардори раёстаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳрат Ғанизода сухан намуда, мукофотҳои давлатиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба се нафар корманди мақомот супорид.
Дар барорари ин, аз ҷониби Сардори Хадамоти иҷро ба як қатор кормандон рутбаҳои дараҷавии навбатӣ супорида шуд.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд






