Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2023 15:51

ДУШАНБЕ, 28.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. «Мояи хушнудӣ аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон як гурӯҳи калони эҷодкорон машғули фаъолиятанд, ки маҳорати касбии баланд, ҷаҳонбинии васеъ, қалами бурро, андешаи мустақил ва услубу назари хоси худро доранд ва аз меъёрҳои қонунгузории мамлакат хуб огоҳанд. Онҳо анъанаҳои неку шоистаи нависандагон ва рӯзноманигорони наслҳои гузаштаи моро идома медиҳанд ва соҳиби мактаби хоси худ низ мебошанд. Мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, ҳавасманд созем ва аз донишу таҷрибаи онҳо истифода барем».  Эмомалӣ Раҳмон, 10.03.2012.

Бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балҳӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 30 сентябр гузаронида мешавад, нашрияи «Ҷумҳурият» (аз 26.09.2023 сол) мусоҳибаи Абдуқодир Раҳимро бо доктори илми фалсафа, професор Хуршед Зиёӣ таҳти унвони «Поси дилҳо кардану хидматгарӣ» чоп намудааст. Мусоҳибон ёдовар шудаанд, ки  бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 30 сентябр дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ Рӯзи Мавлоно дар сатҳи баланд гузаронида мешавад. Қобили тазаккур аст, ки соли 2007 бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам 800-солагии мавлуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар партави ин қарори ЮНЕСКО моҳи сентябри соли 2007 дар Душанбе Конфронси байналмилалии илмӣ дар мавзуи «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» бо ҳузури олимону донишмандони 30 давлати ҷаҳон баргузор шуда буд, ки дар он конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихори бузург ҳаёт ва осори мутафаккири оламгири тоҷик Ҷалолиддини Балхиро ба аҳли олам муаррифӣ намуда буданд. Мусоҳибон ҳамчунин аз мақолаи Пешвои миллат «Мавлоно ва ҷаҳони муосир» ва асари илмии «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» ёдовар шуда, таъкид намудаанд, ки ин мақола ва асари илмӣ дар шинохти комили Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва осори ӯ мусоидат намуданд. Ба ҳамин тартиб хулоса шудааст, ки осори нобиғаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббуси шахсиву дастгирии пайвастаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳи хосса ва гиромидошт қарор дода шудааст. Чунончӣ, куллиёти Мавлоно иборат аз панҷ асар моҳи майи соли 2023 ба Феҳристи хотираи ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, имсол маротибаи аввал дар таърихи ҷумҳурӣ озмуни «Маснавихонӣ» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар арафаи зодрӯзи шоир оғоз гардид. Ҳамчунин  бо иқдоми Пешвои муаззами миллат дар  вилояти Хатлон «Хонаи Мавлоно» бунёд шудааст. Дар Тоҷикистон осори Мавлоно- «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Маҷолиси сабъа», «Фиҳӣ мо фиҳӣ» ва «Мактубот», ки аз осори мансури Мавлоно мебошанд, ба нашр расидаанд.

Мақолаи  «Арзишҳои миллӣ. Ҳифзи онҳо асоси пойдории давлату миллат аст», ки дар ин шумораи «Ҷумҳурият» чоп шудааст, дар ҳошияи мақолаи профессор С.Ятимов «Эҳёи миллат — бақои давлат» иншо шуда, муаллиф навиштааст: «Гурӯҳҳои манфиатхоҳ аз боварии мардуми мусалмон истифода бурда, онҳоро ба хурофотпарастӣ, бегонагароӣ, аз байн бурдани арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва амсоли онҳо тарғибу ташвиқ намуда, садди роҳи эҳёи миллӣ мегарданд. Ин гуна афроди дорои афкори асотириву динӣ бо эҳсоси мардум бозӣ карда, садди роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии  ҷавонони мо мегарданд». Муаллиф оид ба муҳтавои мақолаи С. Ятимов чунин мулоҳиза пешниҳод намудааст: «Муаллиф (профессор С. Ятимов — А.С.) марҳилаи истиқлоли миллии имрӯзаи моро «давраи Эҳёи миллати тоҷик» унвон менамояд ва бо самимияту меҳру муҳаббати беандоза хостори бедории пайвандони ин миллат аст. Дар симои Пешвои миллат ӯ таҳрикдиҳанда, асосноккунанда ва пуштибони эҳёи миллии тоҷикро инъикос менамояд ва ин шахсиятро роҳбари «камназир ва ватанпарвари таърихофар» меномад, ки воқеияти таърихан собитшуда аст». Зимнан мақолаи профессор С. Ятимов таҳти унвони «Эҳёи миллат – бақои давлат» аз ҷониби аҳли ҷомеа гарму самимӣ истиқбол шудааст, зеро муаллифи мақола мавзуи хеле муҳим — манфиат ва вазифаи давлатро дар шароити муосир баррасӣ намуда, зарурати эҳёи миллӣ, истиқлоли фикриро таъкид кардаст ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик номидааст, зеро Эмомалӣ Раҳмон «аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебаранд. Ин далели таърихӣ аст».

Мақолаи дигари ҷолибе, ки дар ҳамин шумораи нашрияи  «Ҷумҳурият» пешниҳоди хонандагон шудааст, «1,6 миллион сомонӣ. Зарар аз қатъи беогоҳии барқ» унвон дорад. Муаллифи мақола навиштааст, ки дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияи Зафаробод 100 фоиз, дар ноҳияи Мастчоҳ  95 фоиз, дар ноҳияи Ашт 70 фоиз, дар умум дар вилояти Суғд зиёда аз 70 фоизи майдонҳои киштукор (150 ҳазор гектар) ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, бинобар ҳамин ҳосили зироату сабзавот ва пахта пурра аз пойгоҳҳои обкашӣ вобаста аст. Дар робита ба ин сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд Аминҷон Абдуллозода изҳор доштааст, ки «то 27 июли соли равон дар пойгоҳҳо ва дастгоҳҳои обкашии  вилоят 175 маротиба қувваи барқ беогоҳӣ қатъ шудааст. Аз гузориши сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд ба раиси вилоят бармеояд, ки ин ҳолат, яъне бе огоҳӣ қатъ намудани барқ дар  ноҳияҳои Конибодом 11 маротиба, Бобоҷон Ғафуров 110 ва  Ашт 20 маротиба ба қайд гирифта шуда, дар маҷмуъ, зарари ба пойгоҳҳои обкашӣ расида зиёда  аз 1 миллиону 653 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад». Мақолаи мазкур дар мавзуи ҷиддӣ навишта шуда, идомаи он дар саҳифаҳои матбуот ва дигар ВАО қобили қабул дониста мешавад.

Нашрияи парлумонии  «Садои мардум» аз 27.09.2023 сол дар бораи баргузор шудани ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари расмӣ нашр намудааст. Ҷаласаи ғайринавбатӣ таҳти раё­сати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардида, дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, пас аз шарҳу тавзеҳи онҳо аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ ба Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, даъвати шашум пешниҳод гардиданд. Бояд гуфт, ки дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» қарор қабул шудааст.

Нашрияи  «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сарлавҳаи  «Сомони таърихсоз ва Темуру Беҳрӯзи паҳлавонафкан» оид ба ғалабаҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Бозиҳои осиёӣ гузориши муфассал нашр намудааст. Нашрия ҳамчунин вобаста ба зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ мақолаи муаллифӣ ба нашр расонидааст.

Нашрияи «Омӯзгор» ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбеи нахустини моҳи октябр дар саросари мамлакат гузаронида мешавад, таҳти унвони «Омӯзгорон- раҳнамоёни аҳли ҷомеаанд» аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи омӯзгор иқтибосҳои ҷолибро дар саҳифаи аввал нашр намудааст.

А. САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2023 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Кӯлоб дар назди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуд
Доир ба рушди ҷанбаҳои кадрии сиёсати давлатии ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба таъсири омилҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид