Сокинони деҳаи Панҷосиёби Ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб соҳиби бинои иловагии муассисаи таълимӣ мегарданд

Сентябрь 21, 2023 11:28

ДУШАНБЕ, 21.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Панҷосиёби Ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб бинои иловагии муассисаи таълимии №14 сохта шуд, ки рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор дода мешавад.

Директори муассисаи мазкур Сайфулло Тағоев ба АМИТ «Ховар» гуфт, ки «бинои иловагӣ дар шафати муассисаи таълимӣ аз ҷониби Бонки исломии рушд сохта шуда, пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Махсус» мебошад. Он аз 10 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла хонаи омӯзгорон, кабинетҳои фанни химия, физика ва биология иборат буда, дар як баст 240 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар он майдончаи варзишӣ ва иншооти ёрирасон бо шароити замони муосир сохта шудаанд.

«Норасоии ҷойи нишаст ва набудани мизу курсиҳои замонавӣ яке аз мушкилоти асосии хонандагони ин даргоҳи таълимӣ буд. Хушбахтона, бо сохтани бинои иловагии иборат аз 10 синфхона барои 240 нафар хонанда мушкили асосии муассиса бартараф мегардад»,-афзуд роҳбари муассиса.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2023 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд