Соли 2023 дар Тоҷикистон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад

Сентябрь 1, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 01.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли сипаришуда  14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад. Чунин иброз доштанд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара.

Сарвари давлат зиёд шудани маблағгузории соҳаро барои рушди устувори соҳаи маориф ва самаранокии ислоҳоти он муҳим арзёбӣ намуданд.

Инчунин гуфта шуд, ки ҳоло дар соҳаи маорифи мамлакат ду стратегия қабул шуда, дар асоси онҳо амалисозии ҳашт барномаи давлатӣ идома дорад.

«Дар ин раванд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар самти бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд», -изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сентябрь 1, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд