СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ФАРО РАСИД. Дар Тоҷикистон ба ғизои мактабӣ диққати махсус дода мешавад

Сентябрь 2, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 02.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози соли нави таҳсил дар шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбуди аҳолӣ мебошад. Мушкилот вобаста бо ғизои носолим ба тамоми аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонанд, алалхусус модарон ва кӯдакон аз ҷиҳати вазъи иҷтимоию иқтисодӣ хеле осебпазир мебошанд.

Барномаи мазкур аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардида, натиҷаи пай дар пайи татбиқи «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» ва фаъолияти самараноки Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба ғизои мактабӣ мебошад.

Ғизои мактабӣ ҳамчун воситаи самаранок барои баланд бардоштани иштироки хонандагон (давомат) дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Ғайр аз ин, чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ самаранокии худро дар беҳтар гардидани таваҷҷуҳ ва қобилияти зеҳнии хонандагон исбот намудаанд.

Ҳадафи Барнома аз таҷдиди ҳамаҷонибаи низоми ғизои мактабӣ ва инкишофи он бо самтгирӣ ба устуворгардонии саломатии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи таъмини дастрасӣ, сифат ва бехатарии хӯрок бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои калидии ташкили ғизои босифат ва мутавозин, аз ҷумла ҷанбаҳои технологӣ, ташкилӣ, идоракунӣ, кадрӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад.

Барнома аз 9 боб ва 58 банд ва Нақшаи он аз 33 банд иборат аст. Бояд иброз дошт, ки «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2027» бо мусоидати Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP), дастгирии техникии Созмони мухтори ғайритиҷоратии «Пажӯҳишгоҳи соҳавии ғизо» (Федератсияи Русия) ва якчанд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқ гардида истодааст.

Дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба татбиқи «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» фаъолият дорад, ки ба он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд шомил мебошанд.

Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи WFP дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он қариб 440 ҳазор нафар хонандагони синфҳои 1—4-и 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба таври доимӣ бо хӯроки гарм таъмин мешаванд.

Илова бар ин, аз ҳисоби барнома 50 ошхонаи мактабӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар заминаи онҳо 9 гармхона, 5 нонвойхонаи байнимактабӣ ва 1 корхонаи коркарди хӯрокворӣ фаъолият доранд. Илова бар ин 7 нонвойхонаҳои хусусӣ муҷаҳҳаз шудаанд, ки бо мактабҳо кор мебаранд.

Бояд гуфт, ки ҳифзи саломатии кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Хӯроки мактабӣ ҳамчун воситаи муассири афзоиши давомат дар мактабҳои ибтидоӣ эътироф шудааст. Илова бар ин, тадбирҳо оид ба беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар беҳтар намудани тамаркуз ва фаъолияти равонии хонандагон самаранок мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли равон дар шаҳри Душанбе аввалин Маркази миллии ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Ин марказ ба хотири боло бурдани зарфияти вазорат барои назорати Барномаи ғизои мактабӣ таъсис дода шудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад