ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, якшанбе, 260-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 17, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1918 дар Испания клуби футболи «Валенсия» ташкил гардидааст.

***

Соли 1922 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия аввалин консерти радиоӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз аввалин маротиба калимаҳои «Гӯш кунед! Москва гап мезанад!» садо доданд.

***

17 сентябри соли 1991 Латвия, Литва, Эстония, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аъзои СММ шуданд.

***

17 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи  байналмилалии «Молия барои рушди авиатсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2010 Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расониданд.

***

10 cол пеш, 17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Кӯдакистони президентӣ барои кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

17 сентябри соли 2013 дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишасти матбуотӣ доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати мамлакат Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзуи «Адолати суди конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  мавсими 76-уми театрӣ ифтитоҳ ёфт.

17 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

 Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар ИМА – Рӯзи Конститутсия.

Сентябрь 17, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, шанбе, 311-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, ҷумъа, 310-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, панҷшанбе, 309-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, чоршанбе, 308-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, сешанбе, 307-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, душанбе, 306-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, якшанбе, 305-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст