ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, якшанбе, 267-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 24, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1923 маҷмааи табъу нашри «Московская правда» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Свазиленд ба узвияти СММ қабул шуд.

***

24 сентябри соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5% иштирокчиён ба муқобили шомилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.

***

Соли 1998 дар Фаронса аввалин маротиба ҷарроҳии насб намудани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Русия- «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.

***

24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 сентябри соли 2009 дар ИМА байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Амрико кору зиндагӣ менамоянд, суҳбати озод баргузор гардид.

***

13 сол пеш, 24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  оид ба Афғонистон, Сарвазири Ҷопон ва Сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом доданд.

24 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

 Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Африка — Рӯзи мерос.

Сентябрь 24, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 304 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, ҷумъа, 303-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, панҷшанбе, 302 — юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, чоршанбе, 301 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, душанбе, 299 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, якшанбе, 298 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, шанбе, 297-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, ҷумъа, 296-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 295 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, чоршанбе, 294 — умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, сешанбе, 292-юмин рӯзи соли 2026 аст