ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, чоршанбе, 270-умин рӯзи соли 2023 аст

Сентябрь 27, 2023 08:00

Дар ин рӯзи соли 1905 дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс намуданд.

***

27 сентябри соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

***

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил намуд.

***

10 сол пеш, 27 сентябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Сангвор бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

27 сентябри соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзуи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

***

Cоли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

27 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ.

***

Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Сентябрь 27, 2023 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 октябр, якшанбе, 294-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 октябр, шанбе, 293-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 октябр, ҷумъа, 292-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 октябр, панҷшанбе, 291-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, чоршанбе, 290-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, сешанбе, 289-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, душанбе, 288-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 октябр, якшанбе, 287-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, шанбе, 286-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 октябр, ҷумъа, 285-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 октябр, панҷшанбе, 284-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, чоршанбе, 283-юмин рӯзи соли 2024 аст