ТАХТИ САНГИН. Гурӯҳи коршиносону мутахассисон ва рӯзноманигорон бо ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз наздик шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин як гурӯҳ коршиносону мутахассисон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ бо ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ шинос шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони ин ёдгорӣ.
Нахуст рӯзноманигорон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ворид гардида, бо роҳбарияти он вохӯрӣ намуданд. Зимни вохӯрӣ доир ба ҷараёни корҳо дар шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён маълумот дода шуд.
Сипас бо Осорхонаи таърихии кишваршиносии ноҳия, ки дар онҷо бозёфтҳои нодири шаҳраки қадимаи Тахти Сангин нигоҳ дошта шудаанд, шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли равон дар мамлакат 2500-солагии Тахти Сангин таҷлил мешавад. Тибқи иттилои масъулин, оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин озмун гузаронида шуда, албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти ин ёдгории таърихию фарҳангӣ чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ зиёд ва китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» таҳия ва чоп гардад.
Бояд тазаккур дод, ки соли равон баргузории намоиши «Тахти Сангин — ёдгории фарҳангии антиқии Тоҷикистон» дар назар дошта шуда, моҳи октябри соли 2023 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Қубодиён
АКС: АМИТ «Ховар»








«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид






