ТАХТИ САНГИН. Гурӯҳи коршиносону мутахассисон ва рӯзноманигорон бо ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз наздик шинос шуданд

Сентябрь 7, 2023 20:00

ДУШАНБЕ, 07.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба ҷашни 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин  як гурӯҳ коршиносону мутахассисон ва намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ  бо  ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ шинос шуданд, иттилоъ  медиҳад хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз макони ин ёдгорӣ.

Нахуст рӯзноманигорон бо  роҳбарии муовини Вазири фарҳанг  Манучеҳр Шарифзода ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ворид гардида, бо роҳбарияти он вохӯрӣ  намуданд. Зимни вохӯрӣ доир ба ҷараёни корҳо дар шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ва ободониву созандагӣ дар ноҳияи Қубодиён маълумот дода шуд.

Сипас бо Осорхонаи таърихии кишваршиносии  ноҳия, ки дар онҷо бозёфтҳои нодири шаҳраки қадимаи Тахти Сангин нигоҳ дошта шудаанд,  шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли равон  дар  мамлакат  2500-солагии Тахти Сангин таҷлил мешавад.  Тибқи иттилои масъулин,  оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи 2500-солагии шаҳристони Тахти Сангин  озмун гузаронида шуда, албоми бозёфтҳо ва раванди корҳои ҳафриёти ин ёдгории таърихию фарҳангӣ  чоп хоҳад шуд. Ҳамзамон дар назар аст, ки соли равон дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-тадқиқотӣ зиёд  ва китоби «Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ» таҳия ва чоп гардад.

Бояд тазаккур дод, ки  соли равон баргузории намоиши «Тахти Сангин — ёдгории фарҳангии антиқии Тоҷикистон» дар назар дошта шуда, моҳи октябри соли 2023 бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тахти Сангин — намоди омезиши тамаддуни Шарқу Ғарб» Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли 2021 зимни ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО тибқи тавсияи Шурои иҷроияи ЮНЕСКО ва қарори 41 C/15 Конфронси генералӣ номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»,
Душанбе-Қубодиён

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 7, 2023 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид