«ТИЛЛОИ САФЕД». Дар вилояти Хатлон беш аз 93 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд

Сентябрь 25, 2023 13:09

ДУШАНБЕ, 25.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон соли равон хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 123 251 гектар чигит  кишт намудаанд, ки ба ҳолати 22 сентябр 93 045 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  дар вазорати  кишоварзӣ иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 23-24 сентябр ҳайати роҳбарии вазорат ва дигар шахсони мутасаддӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта, шолӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, нашъунамои зироат ва маъракаи кишти сабзавоти барвақтӣ ба шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ ва Ёвон сафари корӣ анҷом доданд.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ҷамъоварии  пахта бо маром идома дорад. Тибқи дурнамо, дар вилоят то охири мавсим бояд 287 900 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.

АКС: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2023 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст