Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд
ДУШАНБЕ, 30.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки 29 сентябр дар шаҳри Берлин баргузор гардид, изҳор намуданд, ки «дар Тоҷикистон бахши хусусӣ дар ҳолати рӯ ба инкишоф қарор дошта, саҳми он дар истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ тақрибан 90 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари ҳамин Президенти мамлакат оид ба вусъат ёфтани савдои байналмилалӣ дар кишварамон зикр карданд, ки «Барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, савдои байналмилалӣ вусъат меёбад».
Бояд гуфт, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҳамоишҳои байналмиллалӣ оид ба фазои созгору мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имконият ва захираҳои зиёди мавҷуда дар бахшҳои иқтисод, энергетика, роҳу коммуникатсия, энергияи сабз, сайёҳӣ ва дигар самтҳои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд иттилоъ дода, таваҷҷуҳи давлатҳои пешрафта, ширкатҳо ва сармоягузорони бонуфузро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷалб месозанд.
Дар ҳамоиши Берлин — Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон низ зимни суханронӣ Пешвои миллат хусусиятҳои хоси иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки қонунгузории мамлакат барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳои зиёдро фароҳам оварда, дар ин самт кафолатҳои васеи ҳуқуқӣ дода шудаанд. Ҳамин аст, ки бахши хусусӣ рушд намуда, қариб 90 фоизи истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ ба ин бахш рост меояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сарватҳои фаровони табиӣ ва захираҳои обу маъдан дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳоло ҳамагӣ 5 фоизи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ истифода мешаванд. Ин дар ҳолест, ки «93 фоизи қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо бо 13 ҳазор пирях, ки манбаи асосии оби нӯшокӣ мебошанд, ташкил медиҳанд. Зиёда аз 60 дарсади манбаъҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Точикистон дар ҷаҳон аз рӯи захираҳои умумии гидроэнергетикӣ ҷойи ҳаштум ва аз ҷиҳати захираи хоси онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷои дуюмро ишғол менамояд»,-хотирнишон намуданд Президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки «98 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон аз манбаъҳои барқароршавандаи «энергияи сабз» истеҳсол мегардад. Аз рӯи ин нишондод Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад».
Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳа давоми чанд соли охир дар ҳама ҳамоишҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз авҷ гирифтани гармшавии бесобиқаи глобалӣ изҳори нигаронӣ мекунанд ва ҷомеаи ҷаҳониро барои даст кашидан аз истифодаи бебаркаши энергияи вазнин — нафту газ даъват мекунанд. Дар радифи ин даъватҳо, мавҷуд будани захираҳои зиёди истифоданашудаи обу энергетика дар Тоҷикистон, боис ба афзоиши ёфтани истеҳсоли «энергияи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» мегардад.
Бинобар ҳамин, Пешвои миллат зимни суханронӣ дар кишвари пешрафтаи Аврупо — Ҷумҳурии Федеролии Олмон изҳор карданд, ки Тоҷикистон барои афзун намудани истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза, безарар ва арзону босифат омода аст бо тамоми ҷонибҳои манфиатдор ҳамкории созанда ва судманд дошта бошад.
А. Сангзода
АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






