Устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз суханронии Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш руҳбаланд гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ робарият, устодону донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи омӯзгорӣ хабар доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мубрами соҳаи мактабу маорифро мавриди баррасии амиқ қарор дода, иброз доштанд, ки «таваҷҷуҳ ба соҳаи мазкур ҳамеша дар маркази диққати давлату ҳукумат мебошад. Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем»,- таъкид намуданд Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд ёдовар шуд, ки соли равон барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2022 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву муваффақияти соҳаи маориф ёдовар гардида, масъулинро барои рафъи камбудиҳо вазифадор намуданд.
Баъди анҷоми тамошои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳро ба ифтихори оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои рисолати касбӣ муваффақият таманно намуд. Таъкид шуд, ки ҳидоятҳои роҳнамосози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия пайваста зери назорат ва дастури кори роҳбарияти донишгоҳ қарор дода мешаванд.
Гуфта шуд, ки нуктаҳои меҳварии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ сармашқи кори ҳамаи омӯзгорон қарор гирифта, кормандони соҳаи маориф бояд пайваста барои боло бурдани сифату самараи таълиму тарбия тадбир андешанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ








Президенти Тоҷикистон: «Аҳолии узбекзабони шаҳри Турсунзода бо муассисаҳои таълимии узбекӣ ва китобҳои дарсӣ таъмин карда шаванд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе бо зиёда аз 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ раёсати маориф ва 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид
Оид ба таҳкими истиқлоли илмӣ ва рушди он дар замони муосир ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Хатлон беш аз 900 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст
Дар Тоҷикистон сифати таҳсил баланд арзёбӣ мегардад, вале қонеъкунанда нест
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хатлон 341 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода мешавад
Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад






