Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар форуми «Ҷаҳони ягона, амнияти умумӣ» дар Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар форуми «Ҷаҳони ягона, амнияти умумӣ» дар шаҳри Лянюгани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуда, вобаста ба масъалаи рӯзмарра маъруза намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ нахуст иброз дошт, ки имрӯз дар ин форум масъалаҳои муҳими соҳаи амният ва хатару таҳдидҳои байналмилалӣ муҳокима шуда, самтҳои нави рушди ҳамкории оянда муайян мегарданд.
«Мо барои рушди ҷаҳонии ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба саъю кӯшиш менамоем ва чунин талошро дӯстони чинии мо низ ҳамаҷониба нишон медиҳанд. Алоқа ва ҳамкории вазоратҳои мо сатҳи нав касб намуд ва дар ин ҷода мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем»,-афзуд дар идома Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.
Дар ҷараёни форум масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрам баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд






