Вируси хатарнок аз сабаби тағйирёбии иқлим метавонад дар саросари Аврупо паҳн гардад

Сентябрь 3, 2023 13:49

ДУШАНБЕ, 03.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Маркази аврупоӣ оид ба пешгирӣ ва назорати бемориҳо, ки рӯзи чоршанбе эълон шудааст, сирояти салмонеллез дар 11 кишвари Аврупо сабт гардидааст, иттилоъ медиҳанд расонаҳои Белгия.

Дар маҷмуъ 134 ҳолати бемории салмонеллез аз сабаби истеъмоли гӯшти мурғи сироятёфта дар Австрия, Белгия, Олмон, Дания, Ирландия, Нидерландия, Норвегия, Словения, Финляндия, Фаронса, Шветсия сабт гардидааст.

Расонаҳо ишора менамоянд, ки ду ҳафта қабл мақомоти беҳдошти Австрия аз робитаи эҳтимолӣ байни бемориҳои салмонеллез ва маҳсулоти мурғии Лаҳистон изҳори нигаронӣ намуда буданд. Маълум гардид, ки қариб ҳамаи беморон аз кабоби аз гӯшти мурғи истеҳсоли Лаҳистон омодашуда хӯрдаанд.

Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 3, 2023 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд