ЗАНОН ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дастовардҳои бонувони Тоҷикистон дар ин давра бесобиқа аст
ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дидану тамошои кӯчаҳои озодаву обод, биноҳои зебову муҳташам, хиёбонҳои сарсабзу хуррам, сол то сол зиёд гардидани муассисаҳои иҷтимоӣ, ба таври шинохтанашаванда дигаргун гаштани симои шаҳру деҳот ва чеҳраҳои болидаи хурду калон, ки ин ҳама самараи Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад. Аз ҳама муҳим занҳо озод ҳастанду барои омўзиши илму дониш ва касбу ҳунар барояшон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Чунин изҳор дошт муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ҳамзира Замонова зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар». Дар идомаи суҳбат номбурда чунин изҳори назар кард:.
— Таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта на чандон дур ҳам иштироки занонро дар бисёр корҳо «айб» ё «нолозим» медонистанд. Бо расидан ба Истиқлоли давлатӣ мавқеи занон дар ҷомеа устувор гардид. Имрӯз зани тоҷик озод аст, дар замони истиқлол баъзе қолабҳои анъанавӣ, ки сабаби қафо мондани онҳо мегардиданд, шикастанд. Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомии занони тоҷик гардидаанд ва дар сиёсати пешгирифтаашон мақоми занро хеле боло бурдаанд.
Пешвои миллат бо эҳтироми зиёд нисбат ба зан-модар бо ҳадафҳои пок, суханҳои дилгармкунанда ва амалҳои устувори садоқатмандона дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намуда, дар он умед ба рӯзгори амну осударо бедор менамоянд, дар ҳар иқдому ташаббуси худ ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзонаи тоҷик такя менамоянд.

Бонувони шердилу бебоки тоҷик дар ҳама давру замон дар иҷрои рисолати аслии худ- таҳким бахшидану устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони бонангу номус, боодобу соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос саҳми босазо гузоштаву мегузоранд.
Имрӯз занону духтарони мамлакат дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият доранд ва хушбахт аз он мебошанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар мебаранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Ватанро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.
Истиқлолияти давлатӣ ба соҳаи фарҳанги Тоҷикистон низ таъсири амиқ гузошта, ба шинохти мардуми тамаддунофари тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои миллии аҷдодӣ, адабиёту санъат ва фарҳанги бою ғании халқи тоҷик дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гардиданд. Имрӯз бисёре аз ҳунарҳои мардумии тоҷик бо диди муосир ва табъу завқи замонавӣ рушду равнақ ёфта, мақбулидилҳои сайёҳони хориҷӣ гардида истодаанд.
«Либоси миллӣ зебу зиннати занону духтарони тоҷик аст. Мо аз тоҷик буданамон ифтихор дошта, либоси зебои тоҷикона ба бар менамоем, зеро занон пешбарандаи фарҳангу тамаддуни миллӣ буда, омӯзонандаи фарҳанги миллии тоҷик ба фарзандону насли наврас мебошанд. Аз қадим давлату миллатҳоро аз рӯи фарҳангу урфу одат ва либоси миллиашон мешиносанд».
Тоҷикистон дорои фарҳанги қадимӣ буда, маълум мегардад, ки либосҳои миллӣ қудрати дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудани миллатро доранд. Аз ҷумла, чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд мебошад. Чакан бо сифатҳои маҳину зебову дилрабо ва арзиши ҳазорсолаву куҳани хеш диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун мероси ғайримоддии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф гардид. Яъне, моҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13 –уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок доштанд, ки аксарияти онҳо номинаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз








Агентии «Тоҷикстандарт»: «Ҳангоми харид ва истифодаи маҳсулоти консервашуда бо диққат бошед!»
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Дар рӯзҳои зимистон чӣ гуна худро аз сармо эмин нигоҳ дорем?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои нави саноатӣ бунёд мегарданд
Ба занону духтарони ноҳияи Рашт татбиқи стратегияҳои миллӣ фаҳмонида мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои таълимӣ сохта мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Пандовчии ноҳияи Нуробод толори варзишӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Шаҳристон бинои нави Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ сохта мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова бо якчанд коллеҷҳои шаҳри Жичжаои Чин ҳамкорӣ менамояд
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст






