Имсол ба ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид 30 сол пур шуд

ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 24 октябр Рӯзи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин сана 24 октябр дар Осорхонаи миллӣ бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати мамлакат Намоишгоҳ оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушди устувор оғоз гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Артур ван Дизен зимни суханронӣ иттилоъ дод, ки имрӯз 78-солагии қабули оинномаи Созмон аз ҷониби давлатҳои аъзо ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфтаи ӯ, намоишгоҳи имрӯза чанд лаҳзаи шарикии тӯлонӣ ва самарабахши ин Созмон ва Тоҷикистонро инъикос менамояд.
«Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дидгоҳи ояндаи беҳтарро барои башар таҷассум месозад. Пазириши оинномаи Созмон дар ҳоле буд, ки ҷаҳон шоҳиди даҳшатҳои ҷанги 2-юми ҷаҳонӣ гардида буд, ки дар натиҷаи он беш аз 70 млн нафар ҷони худро аз даст доданд. Бо қабули оинномаи Созмон ҷомеаи ҷаҳонӣ уҳдадории қавии худро барои мусоидат ба сулҳ ва пешгирии низову муноқишаҳо пеш гирифт. Онҳо бори дигар тасдиқ намуданд, ки ба риояи ҳуқуқҳои башар талош менамоянд. Онҳо мувофиқат намуданд, ки соҳибихтиёрии кишварҳо ва миллатҳоро ҳимоят намоянд. Онҳо аҳд намуданд, ки барои насли ҳозираву оянда рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам бисозанд», — баён дошт ҳамоҳангсоз.
Бояд гуфт, ки 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) пазируфта шуда, соли 1993 Намояндагии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон таъсис дода шуд. Маҳз соли 1993 Созишномаи кишварӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва БРСММ, ки барои фаъолияти созмон асоси ҳуқуқӣ бунёд намуд, ба имзо расид. Имсол ба ҳамкории Тоҷикистон ва СММ 30 сол пур шуд.
Намояндагии аввали СММ дар Тоҷикистон – Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) 1 феврали соли 1993 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд. Бинобар иҷрои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон моҳи майи соли 2000 дар асоси ин Дафтар бо ташаббуси Дабири кулли ҳамонвақтаи СММ Кофи Аннан Дафтари СММ оид ба сулҳофарӣ дар Тоҷикистон (ДСММСТ) таъсис дода шуд. Хушбахтона, фаъолияти ин дафтар ба пешравии раванди сулҳ дар Тоҷикистон, амалиёти сулҳхоҳона ва кумаки фаврии башардӯстона мусоидат намуд. Давоми 30 соли охир СММ дар роҳи расидан ба шукуфоӣ ва сулҳ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон даст ба даст дода, ҳамкорӣ менамояд. Дар ин муддат мамлакат дар беҳбуди некӯаҳволии шаҳрвандони худ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, инчунин дар сатҳи байналмилалӣ дар пешбурди масъалаҳои иқлим ва об, амнияти минтақавӣ ва пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ) нақши муҳим мебозад.
Бояд таъкид намуд, ки Ҳадафҳои рушди устувор ҳадафҳои умумибашарӣ буда, онҳо барои ҳама ва дар ҳама ҷо муҳим ҳастанд. Ҳукуматҳо, ташкилоти кумакрасон ва шарикони байналмилалӣ, доираи соҳибкорон, олимон, ташкилоти хусусии хайриявӣ, инчунин намояндагони тамоми гурӯҳҳо ва сатҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне ҳама бояд дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои умумибашарӣ саҳм гузоранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди машваратҳо ва таҳияи ҳадафҳои рушди устувор хеле фаъолона иштирок менамояд. Давоми ду даҳсолаи охир Тоҷикистон дар самти ноил шудан ба афзалияти миллии рушд ва пешбурди ҳадафҳои рушди устувор ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ҳоло 193 давлати дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ мебошанд. Қароргоҳи СММ шаҳри Ню-Йорки Амрико аст. Шаш забони дунё — англисӣ, арабӣ, испанӣ, чинӣ, русӣ ва франсузӣ забони расмӣ ва коргузории СММ аст. Риояи ҳуқуқи башар, таъмини ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва амнияти ҷаҳон, ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва мушкилоти сайёра, таъмини ҳамкорӣ байни давлатҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти давлатҳои гуногуни сайёра аз ҳадафҳои асосии СММ мебошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки фаъолияти СММ тамоми масъалаҳои глобалӣ, шуруъ аз мубориза бо терроризму экстремизм, бемориҳои гуногун, масъалаҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим, ғизои солим ва ғайраро фаро мегирад. Масъалаҳои глобалӣ дар ҷаласаи Маҷмаи кулл, Шурои амният, шуроҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ ва ҳал мегарданд.
Бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди СММ сухан намуда, ба аҳли ҷаҳон ҳадафҳои неку созанда ва сулҳдӯстонаи Тоҷикистони мустақилро ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ расониданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 соли ҳамкорӣ бо СММ ташаббусҳои муҳими худро, бахусус дар масъалаҳои обӣ ба манфиати давлатҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст. Ба узвияти СММ пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоидро барои рушди ҳамкории давлатамон бо ниҳоду барномаҳои СММ фароҳам овард. Алҳол дар Тоҷикистон чандин ниҳодҳои СММ, назири Барномаи рушди СММ, Раёсати Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷиноят, Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ фаъолият доранд. Нақши ниҳодҳои СММ дар таъмини суботи мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон муҳим арзёбӣ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ сухан намуда, ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ, хусусан мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, ба эътидол овардани авзои Афғонистон, тағйирёбии иқлим ва соири масъалаҳои мубрами сайёра даъват намудаанд.
Мояи хушнудӣ аст, ки баробари аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ қабул гардидани пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ва соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об шинохта шуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»