35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Мурғоб биноҳои замонавӣ мавриди истифодаи сокинон қарор дода шуданд

Октябрь 12, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 12.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Аличур мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои маъмурӣ моҳи майи соли 2022 шуруъ гардида, аз 7 утоқи корӣ, толори маҷлисгоҳ, 2 анборхона ва таҷҳизоти гармидиҳии замонавӣ иборат мебошад. Иншооти мазкур дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон дар ноҳия меҳмонхонаи замонавӣ барои сайёҳон аз тарафи соҳибкори инфиродӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки меҳмонхона аз 6 ҷойи хоб, ошхона ва ҳаммом иборат буда, омода аст меҳмонони дохилию хориҷиро қабул намояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб

Октябрь 12, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид