35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То ин ҷашни миллӣ ноҳияи Мурғоб ба таври шинохтанашаванда рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 11.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар доираи сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз як иншооти муҳими маишӣ — Боғи фарҳангӣ- фароғатии «Истиқлол» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти вилояту ноҳияи Мурғоб ва меҳмонон иштирок намуда, намоиши дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва занони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин боғ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои тафреҳу баргузории барномаҳои фарҳангӣ бунёд гардида, дар он майдончаи бозии кӯдакона, курсиҳо барои нишаст ва саҳна барои намоиши барномаҳои фарҳангӣ ҷой дода шудааст.
Барои бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ 546,6 ҳазор сомонӣ масраф гардида, ояндаи наздик ин макон ба яке аз ҷойҳои тамошобоб ва тафреҳии ноҳия табдил меёбад.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия куллан дигар шуда, то ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ноҳия ба таври шинохтанашаванда рушд менамояд.
Сокинони ноҳия миннатдории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои пайвастаашон иброз намуданд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Мурғоб меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд. Он барои меҳмонон ва сайёҳоне, ки орзуи дидани ин минтақаи зебои баландкӯҳи Тоҷикистонро доранд, пешбинӣ гардидааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид






