Ҳайати Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо фаъолияти созандагони неругоҳи «Роғун» шинос гардид

Октябрь 25, 2023 17:57

ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр 61 нафар омӯзгорону кормандон ва магистрантону хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи бунёди иншооти сарнавиштсози миллат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар НБО «Роғун» хабар доданд.

Ҳайати Академияи идоракунии давлатӣ бо кору пайкори созандагони ин кохи нур дар иншооти асосии сохтмони неругоҳ, нақбҳои сохтмонию нақлиётӣ, дастрасӣ, обрасон, шахтаҳои ҳаводеҳ, обқабулкунакҳои доимӣ, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо, обанбори тозабунёд, сарбанди неругоҳ, ки бо баландии 335 метр тарҳрезӣ шудааст, аз наздик шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ ҳамасола шунавандагони машғулияти такмили ихтисос, омӯзгорону кормандон, магистрантон ва донишҷӯён барои шиносоӣ ба НБО-и  «Роғун» ҷалб мегарданд.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Октябрь 25, 2023 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд