Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 69-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ оид ба Аврупо иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод дар 69 –умин нишасти Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) оид ба Аврупо, ки дар доираи 25 – умин Маҷмааи умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳо, аз қабили тасдиқи Барномаи корӣ ва буҷети Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои солҳои 2024-2025, муҳокимаи рӯзномаи UNWTO барои Аврупо, таъсиси дафтари мавзӯии созмон таҳти унвони «Сайёҳӣ дар роҳи абрешим» ва дигар масъалаҳо оид ба кишварҳои Аврупо баррасӣ гардиданд.
Ёдовар бояд шуд, ки аз таснифоти давлатҳои аъзо ба минтақаҳо, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ муайян карда шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) оид ба Аврупо мебошад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






