Ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябри соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом дода шуд.
Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ муҳиммияти ҳалли масъалаҳои вобаста ба минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро иброз намуда, ба аъзои гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатӣ дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ идома медиҳанд.
Дар рафти вохӯрӣ муҳиммияти тақвият бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкории дуҷониба зарур шуморида шуд.
Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии ду ҷониб протокол ба имзо расид.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд






