БА МАРДУМИ БЕНАНГ ВАТАН ҲАЙФ АСТ!». Таҳти ин унвон дар Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ҳамоиш доир гардид
СУҒД, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, мубориза бо экстремизиму терроризим ҳамоиши омӯзгорон-ҳунармандон ва донишҷӯёни муассиса таҳти унвони «Ба мардуми бенанг Ватан ҳайф аст!» баргузор гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкамов дар ин муассиса хабар доданд.
Ҳамоиш бо тарғибу тараннуми сулҳу ваҳдат, ободиву корҳои созандагӣ, намоиши роликҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва мубориза бо экстрамизиму терроризим аз ҷониби баромадкунандагону иштирокчиён бо мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо буда, барои миллати мо баъди ҳазорсолаҳо, дар интиҳои асри гузашта насиб гардид, ки соҳиби давлати соҳибихтиёр шаванд. Имрӯз он чун ҷавони қадрас парастишу парвариш, таваҷҷуҳу эътибори доимиву пайваста, муҳаббату садоқат, вафодориву дӯстдорӣ, ҳушёриву зиракии аҳли ҷомеаи мамлакатро тақозо дорад. “Аз ин ру, ҷавонони мо набояд фирефтаи баъзе аз нафарони носипос гашта, нисбат ба Ватан ва миллати хеш амалҳои номатлубро раво бинад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ватанамонро дўст дорем, соҳибию обод кунем ва зиндагии шоистаро дар он бароямон таъмин намоем»”-гуфта шуд дар ҳамоиш.
АКС: Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан








Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






