Бар асари заминларзаҳо дар ғарби Афғонистон ду нафар ҳалок ва боз 125 тани дигар маҷруҳ шуданд

Октябрь 16, 2023 14:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи заминларза дар вилояти Ҳирот, воқеъ дар ғарби Афғонистон ду нафар ҳалок шуда, боз 125 тани дигар рӯзи якшанбе ба беморхона интиқол ёфтанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии иттилоотии «Синхуа» бо истинод ба духтури беморхонаи Ҳирот Фарҳод Афзалӣ хабар додааст.

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ду  заминларзае, ки субҳи рӯзи якшанбе дар Ҳирот ва атрофи он ба амал омаданд, аллакай тақрибан 30 деҳаи вилоятро хароб намудаанд.

Тибқи маълумоти Маркази шабакаҳои зилзиласанҷии Чин, 7 октябр дар  ғарби Афғонистон ду заминларзаи марговар бо шиддати 6,2 балл рух дод, ки пас аз он якчанд пасларзаҳо ба амал омаданд. Маркази заминларза дар ноҳияи Синҷони вилояти Ҳирот ҷойгир буд, ки дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар ҳалок ва ҳазорҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Аз 7 октябр дар вилоят боз якчанд заминларза ба амал омад. Сокинони маҳаллӣ маҷбур шудаанд, ки шабро дар майдонҳои кушод рӯз намоянд, то аз пасларзаҳои эҳтимолӣ наҷот ёбанд.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 16, 2023 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд