Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Равзанаи бонкии исломӣ»-и «Ҳумо»-ро аз нав ба расмият даровард

Октябрь 22, 2023 11:55

ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»  ва «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», бо назардошти иҷозати амалиёти бонкии иловагӣ ба «Равзанаи бонкии исломӣ»-и Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи /ҶСП/ Ташкилоти амонатии қарзии хурди /ТАҚҲ/ «Ҳумо» барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути «Равзанаи бонкии исломӣ» дар шакли филиал бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин тасмим бо  қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»  ва «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» гирифта шудааст.

Дар асоси ин қарор иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкии исломӣ тавассути «Равзанаи бонкии исломӣ», ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2020 дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2023 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст