Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи «Равзанаи бонкии исломӣ»-и «Ҳумо»-ро аз нав ба расмият даровард
ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», бо назардошти иҷозати амалиёти бонкии иловагӣ ба «Равзанаи бонкии исломӣ»-и Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи /ҶСП/ Ташкилоти амонатии қарзии хурди /ТАҚҲ/ «Ҳумо» барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути «Равзанаи бонкии исломӣ» дар шакли филиал бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин тасмим бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» гирифта шудааст.
Дар асоси ин қарор иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкии исломӣ тавассути «Равзанаи бонкии исломӣ», ки тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2020 дода шуда буд, аз эътибор соқит дониста шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2128 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Дар КВД «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






