Чат-боти Доно бо мурур ҷои мушовирони «МегаФон Life»-ро мегирад

Октябрь 23, 2023 14:26

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Истифодабарандагони замимаи «МегаФон Life» ба технологияҳои навтарин барои мустақилона идора намудани хизматрасонӣ ва  гирифтани маълумоти муҳим дастрасӣ пайдо намуданд. Бо намунаи  нави чатботи оператор — Dono AI шинос шавед!

Бо ёвари ҳушёри онлайн муштариён метавонанд ба зудӣ тавозуни худро бисанҷанд, холҳои бонусиро дар доираи барномаи  «Раҳмат» ба хизматрасонии зарурии алоқа иваз ва интернетро фаъол намоянд. Ивазкунии  тарофа,  пайваст ва  қатъ намудани   хизматрасониҳо «бо як пахш» анҷом меёбад. Барои ин танҳо бо Dono AI дар замимаи «МегаФон Life»  ё дар сомонаи   расмии оператор тамос гирифтан кофӣ аст.

Оё Dono AI-ро дар «МегаФон Life»  пайдо накардед? Замимаро нав  кунед! Замимаро аз суроғаи боргирӣ карда  метавонед. Ё дар замима паёмҳои операторро дар зери тасвири «зангӯла» бубинед,   шояд суроға  бо пешниҳоди навкунии «МегаФон Life» аллакай ба шумо фиристода шуда бошад.

Муҳим он аст, ки ба шарофати технологияҳои зеҳни сунъӣ (AI) чатбот пайваста махзани дониши худро васеъ намуда, барои муштариён боз ҳам муфидтар мешавад. Агар ӯ ба ҳар сурат дар ҷавоб додан мушкилӣ кашад, он гоҳ ба таври автоматӣ кормандони Хадамоти мизоҷони оператор  ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд.

Дар баробари муроҷиат ба чатбот корбарон аз навгониҳои  дигар низ бархӯрдор мегарданд.  Машваратҳои онлайн ҳарчи бештар тарҳи муносиби замонавӣ ва имконияти мувофиқро ҷиҳати худхизматрасонӣ  пайдо менамоянд.  Функсияҳои иловагӣ амалӣ мегарданд. Масалан, ҳангоми пахши тугмае, ки шумораи паёмҳои нохондаро нишон медиҳад, корбар метавонад ба оғози суҳбат гузарад.

Ҷузъи нави Nuxt 3, ки аз ҷониби таҳиякунандагон  барои сохтани Dono AI истифода шудааст,  барои муштариён низ мувофиқ мебошад.   Ҳоло коркарди маълумот на дар ҷониби  муштарӣ, балки дар сервери ширкати «МегаФон Тоҷикистон» доир мешавад. Ин маънои онро дорад, ки муштариён  ҳатто дар минтақаҳои ноустувори қабули мавҷ,  масалан, дар кӯҳҳои баланд ба саволҳои худ ҷавоб пайдо намуда  метавонанд.

Бо  Dono AI дар  «МегаФон Life» муошират намуда, ба афзалияти  технологияҳои нави рақамӣ баҳо диҳед!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Октябрь 23, 2023 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад