Дар Агентии хизмати давлатӣ масъалаи номгӯи бемориҳое, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мешаванд, баррасӣ гардид

Октябрь 15, 2023 11:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли равон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ вобаста ба омӯзиши фармоиши якҷояи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба номгӯйи бемориҳоеро, ки барои иҷрои уҳдадориҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ монеа мегарданд, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини иҷрои талаботи мазкур фармоиши якҷояи Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир гардида, мавриди амал қарор дода шудааст. Аз қабули санади мазкур муҳлати зиёда аз 10 сол гузашта, бинобар ҳолатҳои дар таҷриба ба қайд гирифташуда,  зарурати такмили он тақозо карда мешавад.

Таъкид гардид, ки бинобар рушди устувори  техника ва навгониҳо дар соҳаи тиб, бознигарӣ намудан ба фармоиши амалкунандаи соҳаи хизмати давлатӣ муҳим буда, дар ин замина мушкилоти мавҷуда рафъ гардида, муроҷиатҳои шаҳрвандон вобаста ба ин масъала роҳи ҳалли худро меёбанд.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2023 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд